Рақобати тимҳои Тоҷикистону Эстунӣ барои ҷоми иттиҳод

Дар ифтитоҳияи мусобиқоти футболи Ҷоми кишварҳои ҳамсуд, ки аз 24 январ то 2 феврали соли 2014 дар шаҳри Сан-Питерзбурги Русия баргузор хоҳад шуд, тими мунтахаби ҷавонони тоҷик бо ҳамтоёни эстунии худ бозӣ хоҳад кард.
Мунтахаби Тоҷикистон ва Эстунӣ дар рӯзи аввали ин мусобиқот, 24 январ, соъати 13:00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи шаҳри Сан-Питерзбург бозӣ хоҳанд кард.
Мусобиқоти футболи “Ҷоми Иттиҳод” барои 21-умин бор баргузор гардида, барои касби мақоми аввал ва дарёфти ҷоми иттиҳод 12 тими мунтахаби ҷавонон аз ҷамоҳири собиқ шӯравӣ тӯли 10 рӯз миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.
Аз рӯи қуръакашӣ тимҳо ба се гурӯҳ тақсим шуданд. Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) таҳти роҳбарии Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар гурӯҳи (А) бозӣ хоҳад кард.
Рақибони футболбозони тоҷик тимҳои мунтахаби Эстунӣ, Қирғизистон ва Укройн ҳастанд.
Бозии дувуми худро дастпарварони оқои Ҳабибуллоев 25 январ бо тими мунтахаби Қирғизистон ва бозии севум ва ниҳоиро дар марҳилаи гурӯҳӣ 27 январ бо тими мунтахаби Укройн анҷом хоҳанд дод.
