Тими 'Равшан' аз 'Ас-Сувайқ' бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд

  • 11 Апрел, 2014
бозии "Равшанд" бо "Ал Сувайқ"Image copyrightBBC World Service
Image caption Акс аз сойти Федеросиюни футболи Тоҷикистон

Дар даври панҷуми мусобиқоти Ҷоми Кунфедеросиюни Футболи Осиё - 2014, дар гурӯҳи “А”, дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бозиро бо тими "Ас-Сувайқ"-и Умон бохт.

Дар ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбеи 10 апрел баргузоир шуд, тими Умон бар "Равшан" бо ҳисоби калони панҷ бар сифрпирӯз шуд.

Бозикунони умонӣ дар нимаи аввали бозӣ як тӯб ва дар нимаи дувум чаҳор тӯбро вориди дарвозаи тими “Равшан” карданд.

Дар маҷмӯъ, тими “Равшан” дар мусобиқоти Ҷоми Кунфедеросиюни Футболи Осиё - 2014 дар паҷ бозӣ панҷ бор шикаст хурда ва ҳеч имтиёзе ба даст наовардааст.

Дар ҳамин ҳол, тимҳои “Ас-Сувайқ” ва “Равшан” аз ҳаққи ширкат дар давраҳои баъдӣ маҳрум шудаанд.

Тимҳои пешсафи “Сафо” ва “ЗатРас” барои дарёфти роҳхат ба даври чорякниҳоӣ талош доранд.

Бозии баъдии даври панҷуми мусобиқоти Ҷоми Кунфедеросиюни Футболи Осиё ба торихи 23 апрел баргузор хоҳад шуд, ки дар он “Сафо”-и Лубнон бо “Равшан”-и Кулоб ва “Ас-Сувайқ”- Умон бо “ЗотРос”-и Урдун миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Дар яке дигар аз бозиҳои гурӯҳи “А” бозикунони тими “ЗотРос” аз Урдун дар майдони худ бо тими “Сафо” аз Лубнон ҳисобро мусовӣ карданд, ки ҳарду ин дастаҳо ба даври дигари мусобиқот роҳ ёфтанд.