Тавофуқ барои эҳдоси пули ҷадид байни Тоҷикистону Афғонистон
Image copyrightBBC World ServiceМақомоти Тоҷикистону Афғонистон дар мавриди эҳдоси як пули ҷадид бар фарози рӯдхонаи Панҷ ва таъсиси бандарҳо ва бозорҳои ҷадид дар манотиқи марзии ду кишвар тавофуқ кардаанд.
Ин нукта дар эъломияи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар бораи тақвияти равобити дуҷониба, ки рӯзи гузашта (26 март) дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳомид Карзай дар Кобул имзо шуд, баён шудааст.
Яке аз нукоти калидии ин санад, ки дар торнамои расмии дафтари риёсати ҷумҳурии Афғонистон мунташир шуда, ба масоили доду ситади энержӣ байни ду кишвар ва соири давлатҳои минтақа марбут мешавад.
Мақомоти ду кишвар аз ҷумла омодагии худро барои тасреъи раванди эҳдоси хутути интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз он ҷо ба Эрону Покистон иброз доштаанд.
Дар эъломия омадааст: "Изҳори омодагӣ гардид, ки ҷониби Афғонистон шабакаи барқии худро густариш медиҳад ва хутути ҷадиди барқ, бавижа дар самти вилоёти шимолӣ, шимол-шарқӣ, марказ ва ҷануб-шарқии Афғонистон сохта мешавад, то ниёзи мардум ба барқ ба қимати муносиб марфӯъ (рафъ) гардад."
Ба гуфтаи соҳибназарон, иҷрои ин тарҳҳо бидуни ҳимояти созмонҳои молии байналмилалӣ имконпазир нест, зеро Тоҷикистону Афғонистон ҳарду аз ҷумлаи кишварҳои фақрзадаи ҷаҳон маҳсуб мешаванд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин амр, ҷонибҳо бар зарурати ҷалби ҳимояти созмонҳои молии байналмилалӣ барои иҷрои ҳарчи сареъи тарҳи минтақаии хариду фурӯши барқ байни давлатҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ, ки аз он ба унвони тарҳи CASA-1000 ном бурда мешавад, таъкид кардаанд.
Ҳарчанд ин тарҳ аз ҳимояти молии Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Тавсеъаи Осиёӣ, Сандуқи Байналмилалии Пул, Омрико ва бархе аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бархурдор аст, аммо ба гуфтаи соҳибназарон, иҷрои он ба далоили амниятӣ бакундӣ пеш меравад.
Дар ҷараёни дидори оқои Раҳмон аз Кобул, мақомоти тоҷику афғон дар канори дигар масоил ҳамчунин омодагии худро барои сохтмони лӯлаи гози Шибирғон-Мазори Шариф-Бешкент эълом кардаанд.
Тиҷорати марзӣ
Дар ҳамин ҳол, дар банди ҳафтуми ин эъломия омадааст, ки ду кишвар тавсеъаи тиҷорати марзиро барои беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии мардумони ҳарду кишвар муҳим арзёбӣ мекунанд:
"Дар ин росто, ҷониби Афғонистон пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистонро дар мавриди эҳдоси банодир ва бозорҳои марзӣ дар манотиқи Ванҷ-Ҷомарч-Шоҳон-Хоҳон ва ҳамчунон фаъъол намудани ҳарчи зудтари банодир ва бозорҳои Кокул-Ойхоним ва Бешкент-Калдор барои густариши муносиботи тиҷорию иқтисодии ду кишвар ва густариши тронзит ва тиҷорати тронзитӣ баррасӣ намуданд."
Дар идомаи ин санад омадааст, ки тарафҳо мувофиқати худро барои сохтмони пули ҷадид дар минтақаи Кокул-Ойхоним иброз доштаанд. Мушаххасоти ин тарҳ, аз ҷумла ҳазинаи он, маълум нест.
Манобеъи Вазорати роҳу таробарии Тоҷикистон дар бораи мавҷудияти тарҳи сохтмони ин пули ҷадид бо Афғонистон ибрози беиттилоъӣ карданд. Як масъули Пажӯҳишгоҳи нақлиёт ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳанӯз ҳеч гуна суфорише дар бораи таҳияи ин гуна тарҳ ба ин муассиса ворид нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки ду ҷониб иҷрои тарҳҳои ҷадиди бунёди роҳҳои утумубилрав ва роҳи оҳанро "омили муҳимми инкишофи иқтисодии минтақа" хонда ва эълом кардаанд, ки имкони роҳандозии иртиботи заминӣ барои интиқоли мусофирон дар масири Кобул-Душанбе ва баръаксро баррасӣ хоҳанд кард.
Раҳбарони ду кишвар ҳамчунин "имкони васли тронспуртии" Афғонистон бо Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ карда ва гуфтаанд, ки "дар ин маврид ҳамкорӣ мекунанд." Дар сурати иҷрои ин тарҳ Тоҷикистон ба кишваре тронзитӣ байни Чин ва Афғонистон табдил хоҳад шуд.
Дар эъломияи муштарак ба "имзои ҳарчи зудтари" мувофиқатномаи тиҷорати тронзитӣ байни Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон низ таъкид шудааст. Ҷонибҳо ҳамчунин хостори оғози ҳарчи сареъи сохтмони роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба Туркманистон аз тариқи қаламрави Афғонистон шудаанд.
Иҷрои ин тарҳ қабл аз ҳама барои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мешавад, зеро ҳамаи роҳҳои оҳани ин кишвар аз тариқи Узбакистон мегузаранд. Ин дар ҳолест, ки Тошканд тайи солҳои ахир маҳдудиятҳое дар заминаи убуру мурури қаторҳои Тоҷикистон аз тариқи қаламраваш эъмол кардааст.
