Имзои шаш санади ҳамкорӣ дар дидори Раҳмон бо Карзай

Дар дидори расмии Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай, раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон, дар Кобул шаш санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар имзо шудааст.
Дафтари риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд эъломияи муштарак дар бораи густариши муносибатҳои дуҷониба ва мувофиқатномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои умури дохилии ду кишвар аз ҷумлаи ин аснод аст.
Ҳукуматҳои ду кишвар низ се мувофиқатнома дар бораи "ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъъолияти гумрукӣ", "ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ" ва ҳамкорӣ дар бахши "фарҳанг, ҳунар ва нашрияҳои савтӣ, тасвирӣ ва чопӣ" ба имзо расондаанд.
Ба гуфтаи манобеъи дафтари риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитеи родию ва телевизиюни ин кишвар низ ёддошти тафоҳуме бо ниҳоди родию ва телевизиюни милли Афғонистон ба имзо расондааст.
Оқои Раҳмон субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 26 март ба манзури анҷоми дидоре расмӣ ва ширкат дар маросими байналмилалии Наврӯз вориди Кобул, пойтахти Афғонистон, шуд.
Дар фурӯдгоҳи Кобул оқои Раҳмонро Юнуси Қонунӣ, муъовини аввали раисҷумҳур, Рангин Додфар Сипанто, мушовири амнияти миллӣ, вузарои хориҷаву фарҳанг ва мақомҳои дигари Афғонистон пешвоз гирифтаанд.
Дар мулоқот бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, ки базудӣ давраи риёсаташ поён меёбад, оқои Раҳмон гуфтааст, ки муносиботи дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистон "реша дар қалбҳои мардумони ду кишвар" дорад ва густаришу тақвияти ин равобит "вазифаи сиёсӣ ва инсонии мост."
Торнамои расмии риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон менависад: "Барои ҳалли сареъи мушкилоти сармоягузорон, коршиносону мутахассисон ва муҳоҷирон ҳамкории босамару мунтазами сохторҳои давлатии ду кишвар, пеш аз ҳама порлумонҳо, додситониҳои кул, додгоҳҳои олӣ ва мақомоти адлия зарур шумурда шуд."
Мақомоти олирутбаи ду кишвар аз тавсеъаи ҳамкории энержӣ, зербиноӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ибрози ризоят карда ва хостори иҷрои сареъи барномаҳои бузурги минтақаӣ, мисли хутути интиқоли барқи CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон шудаанд.
Яке аз масоили умда дар мулоқоти раҳбарони ду кишвар вазъи амниятии Афғонистон ва минтақа дар пасманзари хурӯҷи нерӯҳои НОТУ аз ин кишвар дар соли ҷорӣ будааст.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид ба зарурати таҳкими саботу амният дар Афғонистон гуфтааст: "Тоҷикистон хостори созмондиҳии раванди сулҳ аз ҷониби худи афғонҳо ва бо раҳбарии афғонҳо мебошад. Дигарон бояд фақат мусоъидати беғаразона ва дӯстона намоянд."
Вай бо ишора ба интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон, ки қарор 5 апрел доир шавад, гуфт: "Мо самимона ҷонибдор ҳастем, ки афғонҳо сарнавишти худро худашон муъайян созанд, то ин интихобот ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ, ба ободиву сарсабзии ин кишвар, ба ояндаи зебову дурахшони Шумо мусоъидат намояд."
Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин омодагии худро барои бозомӯзии кодрҳои низомӣ ва ба ин васила саҳм гузоштан дар амнияти Афғонистон эълом доштаанд. Тарафҳо ҳамчунин хостори афзоиши нақши Кумисиюни муштараки ҳамоҳангии сохторҳои амниятӣ ва марзӣ шудаанд.
Аз сӯйи дигар, дафтари риёсати ҷумҳурии Афғонистон аз қавли Ҳомид Карзай навиштааст: "Афғонистону Тоҷикистон дар 12 соли гузашта ба умқи равобити худ расидаанд ва мо равобити бисёр амиқ, густарда ва комил дорем, ин равобитро на танҳо ҳукумат, балки мардумони ду кишвар низ ташвиқ намудаанд."
Ин манбаъ аз қавли Эмомалӣ Раҳмон навишта, ки Тоҷикистон хоҳони "мушорикати васеътару фаъъоли" Афғонистон дар ҳамкории минтақаӣ ва Созмони Ҳамкории Шонгҳой аст.
Оқои Раҳмон аз ҷумла гуфтааст: "Мо имсол риёсати Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро ба дӯш мегирем ва ба тақвияти нақши Афғонистон дар ин созмон мусоъидати фаъъол хоҳем намуд."
Зимнан ин охирин дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳомиди Карзай ба унвони раиси ҷумҳурии Афғонистон аст. Дар интихоботи қарибулвуқӯъи риёсати ҷумҳурии Афғонистон нуҳ номзад бо ҳам рақобат мекунанд, ки яке аз онҳо Абдуллоҳи Абдуллоҳ, аз номзадҳои маҳбуб дар Тоҷикистон, аст.
Оқои Абдуллоҳ аз шахсиятҳои наздик ба Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Эътилофи шимол алайҳи Толибон дар Афғонистон дар авоили 2000 маҳсуб мешавад, ки равобити наздике бо Тоҷикистон дошт.
