Пирӯзии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бар тими Афғонистон

  • 4 Май, 2014
Image caption Нуриддин Давронов, футболбози тоҷик таҳти шумораи 8 дар дақиқаи дувуми бозӣ тӯбро вориди дарвозаи тими мунтахаби Афғонистон кард

Бозии дӯстонаи тимҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Афғонистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бо пирӯзии тими Тоҷикистон бо ҳисоби як бар сифр ба поён расид.

Нуриддин Давронов, футболбози тоҷик таҳти шумораи 8 дар дақиқаи дувуми бозӣ тӯбро вориди дарвозаи тими мунтахаби Афғонистон кард.

Бозигарони Тоҷикистон дар се мавриди даври аввал шонс доштанд тӯбро вориди дарвозаи тими мунтахаби Афғонистон кунанд, аммо аз ин имконот натавонистанд истифода кунанд.

Алишер Тӯйчиев, капитан ва дарвозабони тими Тоҷикистон дар даври аввал ду бор тавонист тими худро аз зарбаи футболбозони Афғонистон наҷот бидиҳад. Дар ду мавриди барои тими Тоҷикистон хатарнок ӯ тавонист аз вуруди тӯб ба зарбаи футболбозони Афғонистон ҷилавгирӣ кунад.

Ҳаводорони тими футболи Тоҷикистон бо нидоҳо аз тими худ қадрдонӣ ва ҳимоят мекарданд.

Шумори зиёде аз шаҳрвандони Афғонистон муқими Тоҷикистон низ бинандаи ин бозӣ буданд ва бо нидоҳо тими футболи Афғонистонро ташвиқ мекарданд.

Бозикунони тими мунтахаби Афғонистон барои ширкат дар ин бозӣ рӯзи панҷшанбе вориди Тоҷикистон, шуданд.

Тими миллии Афғонистон бо 18 футболбоз ва панҷ нафар аз дастандаркорони дигари худ барои рақобат бо тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ба ин кишвар омадааст. Бозии ду тим аз тариқи телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон ва бархе шабакаҳои телевизиюнии Афғонистон намоиш дода шуд.

Бозии футбол дар Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи мақомоти ин кишвар аст, то ҳадде ки раисии Федеросиюни футболи Тоҷикистонро Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳури ин кишвар бар уҳда дорад.

Мақомот ва ҳаводорони футбол дар Тоҷикистон умедвор буданд дар ин бозӣ тими Тоҷикистон пирӯз шавад, зеро пирӯзии он то ҳадде василаи афзоиши маҳбубияти мақомот ва масъулини бозии футбол дониста мешавад.

Бозигарони тими Тоҷикистон дар солҳои ахир аз имтиёзҳое бархурдор будаанд ва талош кардаанд дар мусобиқот тими худро ноил ба муваффақият бисозанд.

Бозии футбол дар Тоҷикистон дар паҳлуи анвоъи дигари пуртарафдори варзиш назири куштӣ, тэквонду ва муштзанӣ пуртарафдортарин навъи варзиш маҳсуб мешавад.

Image caption Дар яке аз бозиҳои тими мунтахаби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бинанда буд.

Бозии дустонае, ки 4 июни соли гузашта дар шаҳри Қурғонтепа, дар ҷануби Тоҷикистон миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон барпо шуд, бо пирӯзии тими Тоҷикистон ба поён расид.

Он замон Муҳаммад Юсуфи Коргар, сармураббии тими мунтахаби футболи Афғонистон гуфта буд, ки дар ин бозӣ довар ба иштибоҳоте роҳ дод, вагарна тими Афғонистон пирӯз мешуд ё ҳадди ақал бозӣ мусовӣ анҷом мешуд. Вай гуфта буд, ки бозикунони калидии тими Афғонистон он замон дар бозӣ ширкат надоштанд.