Порлумони Бритониё хостори таҳқиқ дар мавриди ҷанг дар Афғонистон шуд
Image copyrightGETTY IMAGESНамояндагони порлумони Бритониё аз давлати ин кишвар хостаанд то пас аз хуруҷи нерӯҳои низомии Бритониё аз Афғонистон дар поёни соли ҷории мелодӣ "дарсҳое"ро, ки аз ин ҷанг омӯхтаанд, баррасӣ кунанд.
Кумитаи дафоъии Маҷлиси авоми Бритониё гуфтааст, ки кобинаи ин кишвар бояд таҳқиқи "ҷомеъе" анҷом диҳад, ки дар он аҳдофи ҷанг ва ин ки оё талоши "кофӣ" барои расидан ба ин аҳдоф сурат гирифтааст ё хайр баррасӣ шавад.
Ин кумита гуфтааст: "Дар ин баррасӣ бояд бар рӯйи аҳдофи сиёсии ҳузури нерӯҳо дар Афғонистон ва чигунагии тағйири онҳо дар мароҳили мухталифи ҷанг дар канори ин ки оё роҳкорҳо ва талошҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ барои расидан ба ин аҳдоф кофӣ будааст ё хайр, суҳбат шавад."
Аз суи дигар Филлип Ҳамунд, вазири дифоъи Бритониё саҳми нерӯҳои бритониёӣ дар тазмини ин масъала, ки Афғонистон дигар марказе барои террурисми байналмилалӣ нахоҳад шудро "қобили қадр" ва "ифтихоромез" хондааст.
Ӯ ваъда супурда, ки пас аз поёни маъмурияти ин кишвар дар Афғонистон тамоми ин маъмурият аз нигоҳи "истротижик" мавриди бознигарӣ қарор гирад.
Оқои Ҳамунд гуфт: "Замоне ки маъмурияти Бритониё дар Афғонистон ба поён бирасад, мо тамоми ин маъмуриятро аз назари истротижик баррасӣ хоҳем кард то бубинем, чӣ дарсҳоеро метавон дар дарозмуддат аз он омӯхт."
Ояндаи номаълум
Дар гузориши кумитаи дифоъии Маҷлиси авоми Бритониё дар робита ба ҷанг дар Афғонистон аз шӯришиёни Толибон ба унвони "таҳдиди қавӣ ва пойдор", ки ҳамчунон дар ин кишвар фаъъол ҳастанд, ном бурда шудааст.
Ин гузориш меафзояд, ки давлати Афғонистон ҳамчунон ниёзманди идомаи ҳимояти ҷомеъаи ҷаҳонӣ пас аз тарки нерӯҳои низомии байналмилалӣ аз ин кишвар хоҳад буд.
Ин кумита дар мавриди "дурнамои мубҳами" Афғонистон ҳушдор дода ва ибрози умедворӣ карда, ки ин гуфтаи вазири дифоъи Бритониё, ки "Афғонистон гирифтори ҷанги дохилӣ нахоҳад шуд", ба ҳақиқат бипайвандад.
Ба навиштаи ин гузориш ҳарчанд дар солҳои ҳузури нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ин кишвар шоҳиди дастовардҳои мусбате чун таваҷҷуҳ ба ҳуқуқи занон ва духтарон будааст, аммо тамоми ин пешрафтҳо ҳамчунон "шикананда" боқӣ мондаанд.
Дар ин гузориш ҳамчунин ба ноком мондани барномаи Бритониё барои мубориза бо маводи мухаддир ва расидани кишти хашхош дар вилояти Ҳилманд ба болотарин ҳади худ дар остонаи хуруҷи нерӯҳои ин кишвар ишора шудааст.
Кумитаи дифоъии Маҷлиси авоми Бритониё дар ин гузориш ибрози нигаронӣ кардааст, ки афзоиши кишт ва тавлиди маводи мухаддир боъиси афзоиши ҷароими созмонёфта дар Афғонистон шавад ва ба раванди ҳокимияти қонун ва давлатдории демукротик осеби ҷиддӣ ворид кунад.
Низомиёни бритониёӣ дар вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон мустақар ҳастанд.
Аз оғози ҷанг алайҳи террурисм дар Афғонистон дар соли 2001 то кунун беш аз 450 нерӯи бритониёӣ дар ин кишвар кушта шудаанд.
Авохири ҳафтаи гузашта Филлип Ҳамунд, вазири дифоъи Бритониё, ки барои дидор аз ҷараёни омодагиҳо барои хуруҷи нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон ба Ҳилманд рафта буд, гуфт, ки бо вуҷуди талафоти сангин эъзоми сарбозони бритониёӣ ба Афғонистон арзишашро доштааст.
