Достони фазонаварди афғон пас аз 25 сол

  • 24 Март, 2014
Абдулаҳад МумандImage copyrightah
Image caption Абдулаҳад Муманд, пас аз кудетои 7 саври 1357 (27 апрели соли 1978) ба Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ рафт ва дар риштаи халабонии ҳавопаймои ҷангӣ таҳсил кард

Иттиҳоди Шӯравӣ дар 1988 як сол пеш аз хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон тасмим гирифт як шаҳрванди Афғонистонро аз маркази фазоии Бойконур дар Қазоқистон ба фазо бифиристад.

Абдулаҳад Муманд аввалин афғоне буд, ки барои ин маъмурият интихоб шуд.

Би-би-сӣ дар бисту панҷумин солрӯзи ин сафари фазоӣ як мустанади телевизиюнӣ таҳия карда аст, ки ба забонҳои форсӣ ва инглисӣ пахш мешавад.

Дар ин мустанад оқои Муманд достони сафари аввалин афғон ба фазоро бо мухотабон шарик карда‌аст.

Нахустин афғон дар фазо

Соли 1988 Иттиҳоди Шӯравӣ саранҷом пас аз даҳ соли набард ва саркӯб дар Афғонистон тасмим мегирад, то нерӯҳояшро аз ин кишвар хориҷ кунад, вале пеш аз он бояд як маъмурияти муҳиммеро ба анҷом бирасонад; фиристодани як афғон ба истгоҳи фазоии "Мир".

Як тасмими сиёсӣ, ки бояд зарфи 9 моҳ анҷом шавад ва омӯзиши фазонаварди гузидашуда, ки ҳасби маъмул дусол аст, дар замони бисёр камтаре ниҳоӣ шавад.

Аз миёни чаҳорсад довталаб ва афроди интихобшуда ду нафар ба Маскав фиристода мешаванд то дар раванди омӯзиш саҳм бигиранд.

Абдулаҳад Муманд ва Муҳаммад Даврон ва дар марҳалаи ниҳоӣ касе, ки ҳамаи озмунҳоро муваффақона пушти сар гузошт ва бояд ба фазо мерафт, Абдулаҳад буд.

Бисту панҷ сол пеш замоне ки Шӯравӣ барои фиристодани як фазонаварди афғон ба истгоҳи фазоии Мир барномарезӣ карданд, барои бисёре аз мардуми Афғонистон як маъмурияти ғайриқобилиламс ва дур аз бовар буд.

Он замон ҳар амале барои қаҳрамонсозӣ дар Афғонистон таҳти шуъоъи таблиғоти манфӣ қарор мегирифт ва тасаввур мешуд пӯшише барои тағйири азҳони мардуми ин кишвар ва ҷаҳониён дар заминаи ишғоли низомӣ аст.

Нахустин фазонаварди афғон кист?

Image copyrightBBC World Service
Image caption Аз тарафи рост - Абдулаҳад Муманд ҳамроҳи Виталий Поляков дар сафинаи ҳавоӣ

Абдулаҳад Муманд фарзанди як кишоварз аст.

Дар рустое дар вилояти Ғазнӣ дар маркази Афғонистон зода шуда ва дар Кобул таҳсил кардааст.

Вақте кӯдак буд, шабҳо бо падараш дар мазраъа менишаст ва ба фазо ва моҳ ва ситораҳо нигоҳ мекард, ки рӯшантар аз ҳар ҷои дигар буд.

Рӯзҳо бо убури ҳавопаймо орзу мекард рӯзе халабон шавад ва ҳавопаймои мусофирбариро ҳидоят кунад.

Замоне ки низомиёни ҳизби демукротики халқ дар Афғонистон қиёми мусаллаҳона карданд, базудӣ теъдоди бештаре аз ҷавононро барои таҳсилоти олӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ фиристоданд.

Аҳад низ яке аз онҳо буд, ки дар он ҷо халабонӣ омӯхт вале барои ҷангандаҳои ҷит.

Мегӯяд вақте таҳсил мекард, ҳаргиз тасаввур намекард рӯзе халабони ҷангӣ шавад.

Ҳафт шабу рӯз дар "Мир"

Замоне ки Юрий Гагарин нахустин фазонаварди ҷаҳон аз Афғонистон дидор мекард, гуфт: "Дер нахоҳад буд, ки як афғон ҳам ба фазо биравад.”

Дар он вақт Абдулаҳад, донишомӯзи мактаби Ҳабибияи Кобул буд.

Ӯ ҳатто тасаввур ҳам намекард, ки он афғон метавонад худи ӯ бошад.

Бисту панҷ соли пеш вақтеи ӯ маъмури рафтан ба фазо шуд, Владимир Ляков фармондеҳи парвози ӯ буд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Аъзои тиме, ки бо оқои Муманд ба фазо рафта буданд

Фазонаварди афғон ҳамроҳ бо ӯ ҳафт шабу ҳафт рӯз дар фазо буданд ва ду рӯз ҳам ҳамсафари фазоӣ; Дар истгоҳи фазоии Мир.

Ӯ бо сойири фазонавардон маъмурияти худро пеш бурд. Кори фазонаварди афғон аккосӣ аз сарзамини кишвараш барои таҳқиқоти марбут ба маъодин, об, зилзилашиносӣ ва сойири мутолеъоти заминшиносӣ буд.

Барои Абдулаҳад тамошои замин аз фазо дилангез буд.

Ӯ мегӯяд: "Ҳиҷ сайёрае мисли замин зебо набуд."

Барои ӯ замин мисли хонаи муштараки ҳамаи сокинони ин курра ба назар расид. Он вақт дар сарзаминаш ҷанг идома дошт ва Аҳад аз ҳамон истгоҳ паёме барои поёни ҷанг дар кишвараш фиристод ва аз ҷаҳониён хост, ки мардуми кишварашро барои расидан ба сулҳ кумак кунанд.

Дурӣ аз кишвар

Аҳад пас аз он ки дар 1988 аз фазо баргашт ба унвони қаҳрамони миллӣ шинохта шуд.

Ӯ аввалин фазонаварди афғон шуд ва аввалин мусулмоне, ки Қуръонро ба фазо бурд.

Раиси ҷумҳур Наҷибуллоҳ дар истгоҳи фазоии 'Мир' бо ӯ суҳбат кард ва гуфт орзу мекунад кош ӯ ҳам метавонист кишварашро аз фазо бубинад.

Абдулаҳад дар фурудгоҳи Кобул бо истиқболи гарме рӯбарӯ шуд ва ба зудӣ ба як чеҳраи ошно барои ҳама табдил шуд, ки пайваста расонаҳо бо ӯ дар тамос буданд ва достони рафтан ба фазоро мунташир мекарданд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Аҳад ҳафт шабу ҳафт рӯз дар истгоҳи фазоии Мир монд

Аммо дере нагузашт, ки ӯ аз конуни таваҷҷуҳ афтод ва ҳатто муддате бидуни шуғл монд то ин ки ба унвони муъовини вазорати ҳамлу нақл таъин шуд.

Се сол пас аз нахустин сафари фазоиаш дар 1992 кишвараш дучори ҳарҷу марҷ шуд ва Аҳад ногузир шуд ба унвони як чеҳраи шинохташуда ба амнияти худ ва хонаводааш биандешад.

Ӯ хост барои замони кӯтоҳе ба Ҳинд биравад. Билети дутарафаро ҳанӯз бо худ дорад.

Ин сафар роҳашро ба муҳоҷирати дарозмуддате боз кард. Ӯ ба Олмон рафт ва онҷо дар гӯшаи кучаке аз шаҳри Иштутгорт ба унвони муҳосиб ба кор оғоз кард ва бисту панҷ сол ҳамонҷо монд.

Ӯ дар Олмон бо ҳамсараш Бибигул, ки рӯзноманигорӣ хонда ва ду духтар ва як писараш зиндагӣ мекунад.

Дар муҳоҷират замони зиёде ба унвони як фарди одӣ ва камтар шинохташуда зиндагиашро пеш мебарад. Дар бисту панҷ соли гузашта ҳаргиз натавонист ба кишвараш баргардад.

Дидори дубора

Ҳамроҳ бо Ҷенӣ Нортун, таҳиякунандаи барнома ва Ҷенит Балард, коргардон ба дидори Аҳад рафтем.

Аҳад бисту панҷ сол пас аз парвоз ба фазо ҳоло ба марди ором ва камҳарфе бадал шудааст.

Хотироти гузашта ва ёдгори сафарро бо худ дорад.

Нусхаи Қуръонро, ки ба фазо бурда буд, ҳамин чанде пеш ҳамсараш аз Кобул оварда, аммо либосҳои фазоиро аз музей дар Кобул дар солҳои навад ва дар ҷараёни ҷанг ва ҳарҷу марҷи байни гурӯҳҳои исломгаро ба ғорат бурдаанд ва рӯшан нест дасти кист ва дар куҷо аст?

Рӯзнома ва мусоҳибаҳоеро ҳамроҳ бо медолҳо ва ифтихороти низомиаш маҳфуз нигаҳ доштааст.

Бахше аз барномаи мусоҳибаи Би-би-сӣ барои таҳияи як мустанади телевизиюнӣ, рафтан ба Маскав ва Кобул аст.

Дар Маскав дар Шаҳри ситорагон, ҷое ки аввалин духтари ӯ ба дунё омад, бо Владимир Ляков дидор мекунад ва ёдҳои он замонро зинда мекунад.

Дар Кобул Муҳаммад Давронро, ки ҳоло женерол ва марди шумораи аввали нерӯи ҳавоии Афғонистон аст, мебинад.

Соъатеро, ки пеш аз парвоз ба ӯ эҳдо карда буд, ба дасти дӯсти низомиаш мебинад ва аз хотироти даврони омӯзиши муштарак ва солҳои дурӣ бо ҳам ҳарф мезананд.

Оё мардум ӯро ба ёд доранд?

Дар Кобул бисёре ӯро ба ёд доранд ва ҳама мехоҳанд ба дидораш бираванд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Муманд бо хонумаш ва се фарзандаш

Телевизиюнҳо ӯро даъват мекунанд ва субҳ ва шом рӯйи сафҳаи телевизиюнҳо зоҳир мешавад.

Ҳатто раиси ҷумҳур Ҳомид Карзай ду бор бо ӯ мулоқот мекунад ва ба ӯ мегӯяд бо он ки дар он замон муҷоҳидин алайҳи Шӯравӣ меҷангиданд, вале хабари рафтани Абдулаҳад ба фазо барои ҳама ифтихорофарин буд ва барои шахси ӯ низ.

Дар Кобул дар як созмони навбунёди фазоии Афғонистон ҷамъе аз ҷавонон ва кӯдакон даври Аҳад ҷамъ мешаванд ва ӯро ба унвони як ситора ва қаҳрамон мешиносанд.

Аҳад мегӯяд бо дидани ин ҷавонон ӯ ба ояндаи Афғонистон умедвор ме‌шавад.

Бавижа ки онҳо таъассуб ва мушкилоти мутаъаддиди қавмӣ, забонӣ, гурӯҳӣ ва симатии худро канор мегузоранд ва мехоҳанд Афғонистон хонаи муштараки ҳама бошад.