Се шаҳрванди хориҷӣ дар тирандозии пулиси афғон дар бемористони Кюр дар Кобул кушта шуданд

  • 24 Апрел, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Гуфта шуда фарди муҳоҷим аз маъмурони муҳофизи бемористони Кюр будааст

Дар тирандозӣ дар бемористони Кюр, дар ғарби Кобул, се шаҳрванди хориҷӣ кушта шудаанд ва як корманд захмӣ шудааст.

Рӯзи панҷшанбеи 24 апрел вазорати умури дохилаи Афғонистон таъйид карда, ки фарди тирандоз аз маъмурони амниятии ин бемористон будааст.

Садиқи Садиқӣ, сухангӯйи вазорати дохила, гуфт, ки муҳоҷим сарбози пулиси муҳофизи омма аст, ки дар боздошт ба сар мебарад. Оқои Садиқӣ гуфт, ки ин сарбози пулис ба тарафи як гурӯҳи чаҳорнафарии шаҳрвандони хориҷӣ оташ кушуд.

Дар хабарномаи ин вазорат омада, ки рӯйдод ҳаволии соъати даҳи субҳ ба вақти маҳаллӣ иттифоқ афтод. Фарди захмии дгари ин рӯйдод аз кормандони зани бемористони Кюр аст.

Ҳанӯз ҳувияти қурбониёни ин рӯйдод мушаххас нест ва манобеъи расмӣ гуфтаанд, ки пас аз такмили таҳқиқот ҷузъиёте дар мавриди ҳувият ва ангезаи фарди муҳоҷим дар ихтиёри расонаҳо қарор мегирад.

Бемористони Кюр аз бемористонҳои байналмилалӣ дар Кобул аст ва теъдоде мутахассисони хориҷӣ ба ироаи хадамоти дармонӣ дар он иштиғол доранд.

Ҳафизхон, масъули ҳавзаи шашуми амниятии Кобул ба хабаргузории Оссушиэйтед Пресс гуфтааст, ки яке аз се фарде, ки дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст дода, аз табибони бемористон будааст.

Ду нафар аз кушташудаҳо ҳам гузориш шуда, ки зан буданд

Оқои Ҳафиз ҳамунин гуфта, ки фарди муҳоҷим узви пулиси муҳофизати омма буда, ки барои таъмини амнияти бемористони Кюр дар ин беморисон мустақар шуда буд.

Ин тозатарин ҳамла ба ғайринизомиёни хориҷӣ пас аз ҳамла ба рестуроне дар Кобул дар моҳи январ ва ҳамлаи муҳоҷимони мусаллаҳ ба ҳутели панҷситораи Серено дар Кобул аст.

Пеш низ дар ғарби Кобул дар рӯйдоде наздикии ҳамин бемористон муҳоҷимони интиҳорӣ як дафтари марбут кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистонро ҳадаф қарор доданд.

Матолиби муртабит