Муъовини вазири фавоиди оммаи Афғонистон дар пойтахт рабуда шуд
Image copyrightBBCPersian.comРӯзи сешанбеи 15 апрел вазорати фавоиди оммаи Афғонистон таъйид кард, ки афроди мусаллаҳи ношинос Аҳмадшоҳи Ваҳид, муъовини вазир дар умури ҳифз ва муроқибати зербаноҳои тронспуртиро аз наздики хонааш рабудаанд.
Сухангӯйи вазорати фавоиди оммаи Афғонистон ба Би-би-сии форсӣ гуфт: "Ҷаноби муъовини ҳифзу муроқибати вазорати фавоиди омма ҳаволии соъати ҳафти субҳ ба тарафи дафтар мехост ташриф биёварад, дар наздики хонаи худ рабуда шуд."
Ӯ афзудааст, ки бар асоси гузоришҳои аввалия, теъдоди одамрубоён чаҳор нафар буда, ки ба сӯйи худрави ҳомили оқои Ваҳид шиллик ва ронандаи ӯро захмӣ карданд. Ронанда дар ҳоли ҳозир дар бемористон таҳти дармон аст.
Сухангӯйи вазорати фавоиди омма гуфт, ки муъовини вазир бо худ муҳофизи шахсӣ надошт ва хонаи ӯ дар минтақаи Хайрхона, дар шимоли шаҳри Кобул, мавқеъият дорад.
Хайрхона аз маҳаллоти маскунии пурҷамъияти шаҳри Кобул шумурда мешавад ва раванди бозсозӣ дар ин минтақа нисбатан хуб пеш рафтааст. Сохтмонҳои муҷаллал, толорҳои арӯсӣ ва марокизи харид дар ин минтақа аз шаҳр бештар ба чашм мехӯрад.
Дар чунин маҳаллаҳое маъмулан тадобири амниятии густардатаре ба иҷро дармеояд ва ҳузури пулиси мусаллаҳ, маъмурони амниятӣ ва истҳои бозрасӣ дар хиёбонҳо ва кӯчаҳои аслии ин минтақа ҳамвора чашмгиртар аст.
Мақомҳои аршади давлатӣ, вазирон ва муъовинони вазирон ҳам маъмулан бо худ муҳофизи шахсӣ доранд, аммо ин ки оқои Ваҳид бо худ муҳофизи амниятӣ надошта, эҳтимолан ба тасмими шахси худаш будааст.
Сухангӯйи вазорати фавоиди омма гуфтааст шанӯз аз вазъият ва маҳалли муъовини вазир иттилоъе дар даст нест ва мавзӯъ ба ниҳодҳои амниятӣ иттилоъ дода шуда ва нерӯҳои амниятӣ дар ҷустуҷӯи пайдо кардани сарнахе дар ин маврид ҳастанд.
Дар мавриди ин ки чи касоне мумкин аст оқои Ваҳидро рабуда бошанд, сухангӯйи вазорати фавоиди омма гуфт, ки ҳанӯз зуд аст ба ин суол посух дод ва баъд аз таҳқиқоти нерӯҳои амниятӣ ин мавзӯъ мушаххас хоҳад шуд.
