Даргириии донишҷӯёни Кобул донишгоҳҳои давлатиро дар саросари Афғонистон таътил кард

Даргирӣ миёни донишҷӯёни донишгоҳи Кобул, ки дишаб соъатҳо идома дошт, мунҷар ба таътилии донишгоҳҳои давлатӣ дар саросари Афғонистон шуд.
Ин даргирӣ аз як мушоҷараи лафзӣ дар бозии дӯстонаи футбол оғоз шуд ва баъд ба хобгоҳи донишгоҳи Кобул сироят кард, ки ба гуфтаи донишҷӯён аз соъати 8-и шомгоҳи рӯзи якшанбе то 2-и бомдод идома дошт.
Баъд аз ин даргирӣ вазорати омӯзиши олии Афғонистон эълом кард, ки 34 донишгоҳи давлатиро дар саросари Афғонистон таътил кардааст.
Афғонистон 34 донишгоҳи давлатӣ ва 82 донишгоҳи хусусӣ дорад.
Мақомҳои вазорати таҳсилоти олӣ мегӯянд ин таътилӣ барои як моҳ то оғоз ба кори ҳукумати ҷадид идома хоҳад дошт.
Ба гуфтаи мақомоти беҳдошт, дар даргирии физикии дишаб 23 донишҷӯ захмӣ шуданд, ки 19 нафар баъд аз мудово мураххас шуда ва чаҳор нафари дигар ҳанӯз дар бемористон бистарӣ ҳастанд.
Муҳаммадмаъсуми Азизӣ, раиси бемористони Алиобод, дар наздикии хобгоҳи донишгоҳи Кобул ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар ин даргирӣ донишҷӯён ҳамдигарро бо сангу чӯб ва ё ҳам чоқу задаанд ва касе бо силоҳи гарм захмӣ нашудааст.
Ба гуфтаи донишҷӯён бо идомаи даргирӣ. пулис вориди амал шуд ва тавонист, ки ин даргириро маҳор кунад, вале ба сохтмони хобгоҳи донишгоҳи Кобул садамоти ҷузъӣ расидааст.
Донишҷӯёни донишгоҳи Кобул мегӯянд, ки пулис барои маҳори даргирӣ аз гози ашковар истифода кардааст.
Муҳаммадсодиқ яке аз донишҷӯён ба Би-би-сӣ гуфт, ки ду нафар бебанду бор боъиси ин даргирӣ шуд, баъд тарафдорони онон бо сангу чоқу ва шишаҳои шикаста ба ҳамдигар ҳамла карданд.
Донишгоҳи Кобул замоне таътил мешавад, ки имтиҳоноти терми аввали соли таҳсилии 1393 батозагӣ шурӯъ шуааст.
Вазорати омӯзиши олии Афғонистон чанде қабл эълом карда буд, ки имтиҳони шогирдон аз таърихи 10 саратон/1 июл шурӯъ ва таърихи 25 саратон/16 июл поён ёбад.
Ба гуфтаи муҳассилин акнун ба онҳо ҳидоят дода шуда, ки васоили худро ҷамъ ва то 11 асад/2 август ба хонаҳои худ баргарданд.
Чанд моҳ қабл низ дар рӯзи Ошуро донишҷӯёни хобгоҳи донишгоҳи Кобул бо ҳам даргир шуданд, ки мунҷар ба таътилии ин донишгоҳ шуд.
Соли гузашта низ эътирози теъдоде аз донишҷӯён ба раванди системи омӯзишӣ ва иддаъои онон ба рафтори табъизомези устодони донишгоҳ боъиси таътилии ин донишгоҳ шуд.
Аммо мақомҳои таҳсилоти олӣ ҳанӯз тавзеҳ намедиҳад, ки чаро тамомии донишгоҳҳои давлтиро таътил кардааст.
