41 нафар дар як инфиҷор дар ҷануби шарқи Афғонистон кушта шуданд

  • 15 Июл, 2014

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Пактико, дар шарқи Афғонистон, эълом карданд, ки вуқӯъи инфиҷоре шадид дар субҳи рӯзи сешанбеи 15 июл дар вулусволии Аргун 41 нафарро кушт ва дастикам 50 нафарро захмӣ кард.

Дар мавриди омили инфиҷор вулусволи Аргун гуфтааст, ки як худрави бумбгузоришуда аз навъи Маздо ибтидо дар як бозор мутаваққиф ва баъд мунфаҷир шуд.

Ба гуфтаи вулусвол ин худрав дар дар маҳалле мунфаҷир шуд, ки дар як тарафи он мадраса ва дар тарафи дигари он як масҷид воқеъ шуда ва ҳангоми инфиҷор шумори зиёде аз мардум дар ин ду маҳал ҳузур доштанд.

Масъули амнияти вилояти Пактико низ дар бораи ин инфиҷор гуфт, ки дар ин ҳодиса 42 нафар кушта ва 34 нафар захмӣ шудаанд

Ба гуфтаи ӯ ду сарбози пулис дар миёни кушташудагон ҳастанд ва бақия қурбониёни ин бумбгузорӣ ғайринизомӣ будаанд.

Вулусволии Аргун дар 50-килуметри маркази вилояти Пактико яке аз вулусволиҳои амни ин вилоят ба ҳисоб меояд,

То кунун гурӯҳе масъулияти ин бумгузориро напазируфта ва Толибон аз вуқӯъи он изҳори беиттилоъӣ кардааст.