Пулиси Афғонистон дар Ҳилманд аз тариқи бузургони қавмӣ бо Толибон гуфтугӯ мекунад

Женерол Асадуллоҳ Шерзод, фармондеҳ нерӯҳои вижаи вазорати дохилаи Афғонистон, аз талошҳои тоза барои таваққуфи ҷанг дар бархе манотиқи вилояти ҷанубии Ҳилманд ва оғози гуфтугӯ бо Толибон дар ин вилоят хабар додааст.
Аммо ин гуфтугӯҳо расмӣ нест ва ба гуфтаи вай аз сӯйи бузургони қавмӣ дар минтақа ва дар сатҳи вилоят сурат мегирад.
Гурӯҳи Толибон то кунун дар ин маврид ибрози назар накардааст.
Талош барои таваққуфи ҷанг аз ин тариқ пас аз он оғоз мешавад, ки дар ин авохир даргириҳои шадид миёни Толибон ва нерӯҳои амниятии афғон дар ин вилоят сурат гирифт.
Толибон ҳудуди яку ним моҳ пеш ҳамалоти густардаеро дар вулусволии Сангин ба нерӯҳои амниятии афғон оғоз карданд.
Гарчанд мақомҳои маҳаллии Ҳилманд мегӯянд Толибонро дар ин даргириҳо бо куштани шумори зиёде аз онҳо шикаст доданд, аммо сокинони ин вилоят мегӯянд ҳанӯз ҳам дар вулусволиҳои Мусо Қалъа, Сангин, Навзод ва Каҷакӣ ҳар аз гоҳе даргирӣ ҷараён дорад.
Оқои Шерзод, ки барои ҳамоҳангии нерӯҳои амниятии афғон ба Ҳилманд рафта, мегӯяд, ки пас аз ҳамалоти Толибон бар вулусволии Сангини ин вилоят, нерӯҳои афғон ҳам талафоте доштанд ва Толибон тавонистанд андаке пешравӣ кунанд.
Ӯ гуфт: "Мақомҳои амниятии маҳаллӣ қабл аз ҷанг бепарвоӣ карда буданд, вақте ки ҷанг шурӯъ шуд бо ҳам ҳамоҳангӣ надоштанд. Талафот доштем ва соҳотеро ҳам аз даст додем. Ҷанг ҳам тӯлонӣ шуд."
Вай таъкид дорад, ки шумори нерӯҳои амниятӣ аз Толибон дар ин вилоят бамаротиб бештар аст ва онҳо бояд битавонанд амниятро дар ин вилоят комилан таъмин кунанд.
Дар ҷараёни даргириҳои ахир дар вилояти Ҳилманд Толибон низ чандин бор бо фиристодани номаҳои хабарӣ ба расонаҳо иддаъо карданд, ки талафоти сангинеро ба нерӯҳои амниятии афғон ворид сохтаанд.
Дар ҳоле ки ду тараф иддаъои ворид кардани талафот ба якдигар доранд, манбаъи мустақилле ин иддъоаҳоро бо шумори талафоти дақиқи он таъйид накардааст.
Дахолати ҳамсояҳо дар ноамнии Ҳилманд
Женерол Асадуллоҳ Шерзод, фармондеҳи нерӯҳои вижаи пулиси Афғонистон, кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро барои ихлоли амният дар вилояти Ҳилманд муттаҳам кард.
Ӯ гуфт: "Авомили аслии ҷанг дар Ҳилманд ин аст, ки яке Ҳилманд маркази кишти маводди мухаддир шинохта шуда, дигар ин ки ҳамсояҳои музир, Покистон ва Эро,н ҳеҷ гоҳе намехоҳанд, ки дар Ҳилманд амният бошад.
Кишварҳои ҳамсоя борҳо аз сӯйи шуморе аз мақомот дар Афғонистон ба талош барои ноамнии ин кишвар муттаҳам шуданд, аммо ин иддаъо ҳамеша рад шудааст.
