Афсари аршади пулиси зани вилояти Ҳилманд ба дунболи сӯиқасд даргузашт
Вазорати дохилаи Афғонистон аз даргузашти Нигор, афсари пулиси зани вилояти Ҳилманд, ки дирӯз дар асари шиллики ду мутурсавори мусаллаҳ захмӣ шуда буд, хабар додааст.
Хонуми Нигор субҳи рӯзи якшанбеи 15 сентябр ҳадафи шиллики гулӯлаи ду марди мусаллаҳ қарор гирифт ва бозуи росташ захмӣ шуд.
Ин афсари аршади пулис масъули бахши худ дар дастгоҳи пулиси вилояти Ҳилманд буд ва як моҳ пеш ҷойгузини як афсари пулиси зани дигар шуда буд, ки ӯ ҳам ҷони худро дар ин шуғл аз даст дода буд.
Вазорати дохила ба сурати мушаххас нагуфта, ки ин афсари пулиси вилояти ноороми Ҳилманд тавассути чи касоне ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт, аммо гуфта, ки ӯ "дар асари ҳамлаи ноҷавонмардонаи душманони сулҳу суботи мардуми Афғонистон ҷоми шаҳодат нӯшид."
Дафтари матбуъотии вилояти Ҳилманд гуфта, ки хонуми Нигор тавассути "ду терурист" ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт.
Дар вебсойти ин вазорат аз хонуми Нигор ба унвони "намунаи муваффақ" дар миёни афсарони пулис ёд шуда, ки дар яке аз манотиқи дурдасти кишвар барои мардум хидмат мекард. Вебсойт афзуда, ки шуҷоъати ӯ "беназир" буд.
Дирӯз дафтари матбуъотии волии Ҳилманд аз талошҳои нерӯҳои амниятӣ барои дастгирии омилони ҳамла ба хонуми Нигор хабар дод, аммо ба назар мерасад, ки ҳанӯз онҳо муваффақ ба ин кор нашудаанд.
