Каримов: 'Мумкин аст вазъи Афғонистон шабеҳи Ироқ шавад'

  • 28 Октябр, 2014
Image copyrightAP
Image caption Оқои Каримов дар бораи "Давлати Исломӣ" ибрози назаре накардааст

Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, гуфтааст, ки хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон на фақат вазъи амниятии Осиёи Миёна, балки кишварҳои дигарро низ ба хатар хоҳад андохт.

Оқои Каримов дар ҷараёни дидораш аз Туркманистон дар авохири ҳафтаи гузашта гуфтааст: "Имкон дорад халаъи сиёсии Афғонистонро гурӯҳҳои табаҳкор ва терурист пур кунанд. Ба ин тартиб, мумкин аст вазъи Афғонистон шабеҳи Ироқ шавад."

Ин ибрози назари Ислом Каримов дар мавриди Афғонистон шоми 25 октябри соли ҷорӣ аз тариқи шабакаҳои телевизиюни давлатии Узбакистон пахш шуд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, ва Ислом Каримов, ҳамтои узбакаш, дар дидори худ дар шаҳри Ишқобод хостори тавсеъаи равобит бо кишвари ҳамсояи Афғонистон шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳурии Узбакистон аз гурӯҳи мавсум ба “Давлати Исломӣ”, ки манотиқи зиёди Ироқу Сурияро тасарруф карда ва гуфта мешавад, дар суфуфи он атбоъи узбак низ ҳастанд, ном набурдааст.

Қаблан ӯ “гурӯҳҳои ҷадиди теруристӣ” дар Ховари Миёнаро таҳдиде ҷиддӣ барои Узбакистон ва кишварҳои минтақа хонда буд.

Image copyrightEPA
Image caption Президент Каримов ба халаъи сиёсӣ дар Афғонистон таъкид кардааст

Дидори Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, аз Туркманистон ба оғози хуруҷи нерӯҳои Ноту ва Омрико аз Афғонистон мусодиф будааст.

Рӯзи якшанбеи 26 октябр нерӯҳои Бритониё аз охирин пойгоҳи низомии худ дар вилояти Ҳилманд мавсум ба “Кэмп-Бастион” хориҷ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳои расида, Туркманистону Узбакистон марзҳои худ бо Афғонистонро таҳким мекунанд.

Дар қиёс бо Ислом Каримов, раҳбари давлати Туркманистон дар бораи эҳтимоли ташаннуҷи вазъияти Афғонистон расман ибрози назар накарда, аммо матбӯъоти Ғарб аз “тадобири бесобиқаи давлати Туркманистон барои таҳкими марз бо Афғонистон” хабар додаанд.

Ба навиштаи нашрияи "The Diplomat", мақомоти Ишқобод аз фаъъол шудани гурӯҳи Толибон дар наздикии марзҳои Туркманистон шадидан нигарон ҳастанд.

Дар замони ҳукумати Толибон дар Афғонистон Туркманистон мавзеъи бетарафиро эълом дошта, президент Каримов ҳам “гурӯҳи Толибон барои минтақа хатарзо нест” гуфта буд.

Ахиран раиси ҷумҳурии Узбакистон таъкид карда, ки ин кишвар дар умури дохилаи Афғонистон мудохила нахоҳад кард.

Матолиби муртабит