Гулнора Каримова бо таҳқиқи қазияи пулшӯӣ тавассути бозрасони Суис рӯбарӯ аст

  • 12 Март, 2014
Гулнора КармоваImage copyrightGetty
Image caption Хонуми Каримова дар бахши ороишгарии заргарӣ фаъъолият мекунад ва бо номи Гугуша оҳангҳои мусиқии поп мехонад.

Додситонии Суис имрӯз (чаҳоршанбе, 12 март) эълом кардааст, ки дар бораи Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури Ӯзбакистон ба занни иртибот бо пулшӯӣ таҳқиқ анҷом медиҳад.

Ин додситонӣ гуфтааст таҳқиқоти қаблии он дар бораи чаҳор нафар, ки бо хонуми Каримова равобити шахсӣ ва тиҷорӣ доранд, ҳамакнун шомили духтари раиси ҷумҳури Ӯзбакистон низ мешавад.

Таҳқиқ дар бораи ин чаҳор нафар моҳи июли соли 2012 оғоз шуда буд.

Мақомоти суисӣ ҳамчунин мегӯянд онҳо ба таҳқиқи имкони вуҷуди пулшӯӣ дар робита бо маболиғеро, ки дар ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад, оғоз кардаанд.

Онҳо гуфтаанд, ин қазия марбут ба иддаъоҳои вуҷуди тахаллуфот дар бахши ироаи хадамоти мухобиротӣ дар Ӯзбакистон аст.

Додситонҳо гуфтаанд ҳоло дар ҳамин иртибот маблағи беш аз 800 миллиюн фронки суисӣ (муъодили беш аз 910 миллиюн дулор) масдуд шудааст.

То кунун хонуми Каримова дар ин маврид расман изҳори назаре накардааст. Ӯ, ки аз декабри соли 2008 сафири Ӯзбакистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар Женев буд ва аз масунияти диплумотик бархурдор буд, соли гузашта ба Тошканд баргашт.

Хонуми Каримова пештар иддаъоҳои фаъъолиятҳои номуносиби тиҷоратиро алайҳи худ рад кардааст.

Хонуми Каримова соҳиби мулкияте дар соҳили дарёча дар Женев аст. Пулиси Суис авохири моҳи августи соли гузашта манзили ӯро барои дарёфти шавоҳид мавриди бозҷӯӣ қарор дод.

Ӯ ҳамчунин дар бахши ороишгарии заргарӣ фаъъолият мекунад ва бо номи Гугуша оҳангҳои мусиқии поп мехонад.

Дар баёнияе додситонии Суис омадааст тибқи гузоришҳо Гулнора Каримова пас аз кӯтаҳзамоне баъд аз қатъи маъмурияти думплумотик Суисро тарк кардааст ва ба торихи 16 сентябри соли 2013 шомили қазияи таҳқиқ шудааст.

Додситонии Суис мегӯяд натоиҷи таҳқиқот дар ин кишвар дар бораи ӯ муҷиби роҳандозии таҳқиқот дар кишварҳои дигар аз ҷумла Фаронса ва Суэд шудааст.

Моҳи декабри соли 2013 иддае аз фаъъолони сиёсии Ӯзбакистон дар хориҷ вило ё хонаи бузурги Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳурии Узбакистонро дар шаҳри Женев "тасарруф" карданд.

Сафар Бекҷон, чеҳраи сиёсии узбаки муқими Суис ин иқдомро чунин шарҳ дод: "Дирӯз, 23 декабр, ба манзили мутаъаллиқ ба Гулнора Каримова, ки алайҳаш парванади ҷиноӣ боз шудааст, ворид шудем. Ҳузури мо муваққатист. Аз ин тариқ, мо Гулнора Каримоваро, ки барои анҷоми амалиёти бозрасӣ ҳозир нашудааст, водор хоҳем кард, ки барои собит кардани қонунӣ будани ин манзил ба Суис биёяд."

Моҳи феврали соли ҷорӣ раҳбарони созмонҳои “Terra group”, “Prime Media” ва “Gamma promotion”, ки ба Гулнора Каримова, духтари Президент Каримов марбут хонда мешаванд, ба Додситонии кулли Узбакистон эҳзор шуданд.

Бино ба иттилоъи Додситонии кулли Узбакистон, алайҳи Рустам Мадумаров, Гаяне Авакян ва Е. Клюева, раҳбарони ин созмонҳо, парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва онҳо барои бозпурсӣ ба ин ниҳод оварда шуданд.

Дар таҳаввули дигари марбут ба бахши мухобироти Ӯзбакистон ширкати русии Вимпелком (Vimpelcom VIP.O) низ рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки аз суи ниҳодҳои омрикоӣ ва ҳуландӣ эҳтимолан ба хотири фаъъолиятҳояш дар Ӯзбакистон таҳқиқ мешавад.

Ӯзбакистон, ки яке аз кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ аст, барои сармоягузорони бахши мухобирот дардисарсоз будааст.

Дороиҳои ширкати русии МТС дар ин кишвар мусодира шудаанд ва фаъъолиятҳои ширкати суэдии Телия Сонера (TeliaSonera) тавассути бозрасони суэдӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Хонуми Каримова дар ин қазия низ, ки марбут ба тахаллуфи молӣ аст, дахил дониста мешавад, чизе ки ӯ рад кардааст.

Фаъъолиятҳои фарзандони бархе аз руасои ҷумҳурии кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла фаъъолиятҳои расмӣ ва тиҷоратии онон, ки ҳамроҳ бо фасод дониста мешавад аз масоили хабарсоз барои ҷомеъа ва дардисарсоз барои раҳбарони ин кишварҳо будааст.

Бисёриҳо муътақиданд тамаркузи қудрати сиёсӣ ва иқтисодӣ дар дасти хонаводаҳои мақомоти ин кишварҳо ва заъф дар ҷавобгӯии раҳбарон ба мардум аз заминаҳои асосии ин падида аст.

Матолиби муртабит