Дидори Президент Каримов аз Чек ба таъвиқ афтод

Сафари Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Чек ба таъвиқ афтодааст.
Дар ин маврид Хинек Кмоничек, мушовири раиси ҷумҳурии Чек дар умури сиёсати хориҷӣ ба Би-би-сӣ хабар дод.
Оқои Кмоничек гуфт, дидори Президент Каримов лағв нашуда, танҳо ба далели тағйирот дар рӯзномаи сафар ва бар асоси дархости ҷониби Ӯзбакистон дар замони дигар анҷом хоҳад шуд.
Бино ба иттилоъи сухангӯи раёсати ҷумҳурии Чек, интизор мерафт дар ҷараёни дидори оқои Каримов аз Чек дар 21 феврали соли ҷорӣ миёни ин ду кишвар 10 санад имзо шавад.
Хинек Кмоничек гуфт: “Зарбулаҷале, ки барои имзои ҳар санад пешбинӣ шуда буд, ба рӯзномаи кори ҷониби Ӯзбакистон мутобиқат надоштааст.”
Ҳамчунин, дар назар буд, нахуствазири Чек ба ифтихори дидори Президент Каримов зиёфате орояд, аммо дар ҷараёни ин дидор нахуствазир дар шаҳри Прог ҳузур нахоҳад дошт. Аз ин лиҳоз, ҷониби Ӯзбакистон хостори таъвиқи ин дидор шудааст.
Ба гуфтаи оқои Кмоничек, феълан таърихи дидори Президент Каримов аз Чек мушаххас нашудааст.
Зимнан, гурӯҳе аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ба Милош Земан, раиси ҷумҳурии Чек муроҷиъа карда ва аз ӯ даъват карда буданд, аз дидор бо раҳбари кишвари худкомаи Ӯзбакистон худдорӣ кунад. Вале оқои Земан ин даъватро бо хашм рад кардааст.
Раиси ҷумҳурии Чек гуфтааст, Ислом Каримов аз ҷониби Ватслав Клаус, раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар даъват шуда ва ӯ ба иқдоми раиси ҷумҳурии пешини Чек эҳтиром мегузорад.
Милош Земан бо ишора ба дидори Президент Каримов ба Вошингтун ва Бруксел, ки бидуни эътироз ё норизоятии фаъъолони ҳуқуқи башар анҷом шуда буд, аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар даъват кардааст, то “дар мавриди ҳар ҳодиса иттилоъи зиёд ҷамъоварӣ карда ва мунофиқӣ” накунанд.
