Ислом Каримов хостори ҷасорати бештари рӯзноманигорон шуд

Раиси ҷумҳурии Узбакистон гуфтааст рӯзноманигороне, ки аз пайдо кардани душман тарс доранд, бояд пешаашонро иваз кунанд.
Ислом Каримов, ки дар маросими таҷлил аз солгарди тасвиби Қонуни асосии Узбакистон суҳбат мекард, аз рӯзноманигорон хостааст, ки нотарс ва далер бошанд.
Қаблан низ раҳбари давлати Узбакистон дар ин замина суҳбатҳо карда, аммо вазъи озодии баён дар ин кишвар беҳбуд наёфтааст ва Узбакистон аз ҷумлаи кишварҳое, ки озодии баёнро маҳдуд мекунанд, боқӣ мондааст.
Оқои Каримов дар ин ҳамоиш мавзӯъоти дигареро низ матраҳ карда ва гуфтааст: “Ҳар андоза ниҳодҳои нозир бештар шаванд, мавориди нақзи қонун ҳамон андоза афзоиш меёбад. Агар коргар як нафару нозир ду нафар бошад, тартибу низом барқарор намешавад.”
Сипас, ӯ ба рӯзноманигорон рӯй оварда ва гуфтааст: “Хуб буд, агар рӯзноманигороне, ки аз тарси пайдо шудани душман аз бозтоби мушкилоти мубҳами рӯз худдорӣ мекунанд, ба дунболи кори дигаре шаванд.”
Ба эътиқоди Нодир Бек, рӯзноманигори мустақил, дар шароити феълии Узбакистон барои хабарнигор пайдо кардани душман кори саҳлест. Вай мегӯяд: “Дар сурати таҳия ва нашри мақолае интиқодӣ дар ниҳодҳои давлатӣ ва ё хусусӣ ҳатман душмане пайдо мешавад.”
Ба гуфтаи Тошпӯлод Раҳматуллоев, хабарнигор ва блогнавис аз шаҳри Самарқанд, қаблан ҳам оқои Каримов хабарнигоронро ба далерӣ фаро хонда буд, аммо то ҳол рӯзноманигорони ҷасуре рӯйи саҳна наомадаанд.
Оқои Тошпӯлодов гуфт: “Масалан, мушкилоте ба ноҳия, шаҳр ё вилоят рабт мегирад ва навоқис дар кори раҳбарон матраҳ мешавад, хабарнигорро ором намегузоранд. Ман борҳо шоҳиди чунин ҳолат шудаам.”
Ҳарчанд дар Узбакистон сонсур расман мамнӯъ аст, аммо дар фаъъолияти матбӯъот ва хабаргузориҳо сояи сонсур боқӣ мондааст.
Нодир Бек мегӯяд дар ҷараёни фаъъолияти худ борҳо бо сонсури дохилӣ рӯбарӯ шудааст. Масалан, сардабири нашрия дастур медиҳад, ки ин мавзӯъро матраҳ накун, ба он мавзӯъ даст назан. Яъне, нашрия ё хабаргузорӣ ҳамеша зери фишори ниҳодҳои "болоӣ" қарор дорад.
Оқои Бек гуфт: “Ман намедонам ниҳодҳои болоӣ киҳо ҳастанд. Аммо аз тарси сардабиру муассис рӯшан аст, ки чунин фишор вуҷуд дорад. Вазъи ногувори расонаҳо аз ин гуна фишорҳо маншаъ мегирад.”
Сойтҳо ва блогҳои интернетӣ, ки мушкилоти Узбакистон, назири истифодаи ғайриқонунӣ аз нерӯи кӯдак дар ҷамъоварии панбаро, пӯшиш медиҳанд, дар зарфи як моҳи ахир масдуд шудаанд.
Дар Узбакистон ҳатто нашрияҳои саргармкунанда ва беҳдоштӣ сонсур мешаванд. Ахиран сардабири як нашрияи беҳдоштии шаҳри Тошканд, ки дар рӯзнома аҳодиси паёмбари Исломро дар бораи масоили беҳдоштӣ чоп кард, ба Ожонси матбӯъот ва иттилоъоти Узбакистон эҳзор шуд.
Мақомот аз ӯ тақозо кардаанд, ки ба ҷойи аҳодиси паёмбар аз китобҳои Ибни Сино истифода кунад.
Нодир Бек, хабарнигори мустақил, адами сонсур дар Узбакистонро дурӯғ хонда ва гуфт: “Бадтарин дурӯғ талош барои бовар кунондани худ ва атрофиён ба ин дурӯғ аст. Агар садҳо маротиба фарёд кунем, ки дар Узбакистон сонсур вуҷуд надорад, ин дурӯғ хоҳад буд.”
Ба эътиқоди коршиносон, бо фарохони Ислом Каримов ба далертар шудани рӯзноманигорон вазъияти озодии баён дар Узбакистон иваз нахоҳад шуд. Зеро худи раиси ҷумҳурӣ барои матбӯъот дастнорас буда ва бештари афрод ӯро аз маҳдудкунандагони озодии баён медонанд.
