Набераи Ислом Каримов: “Бобоям аз сӯйи касе идора мешавад”

  • 23 Июн, 2014
Image copyrightBBC World Service

Ислом Каримов, набераи раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, дар мусоҳибае бо шабакаи телевизиюнии “РЕН ТВ”-и Русия аз вазъияти ногувори худу модараш хабар додааст.

Ин мусоҳибаи нахустини набераи 22-солаи Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон бо расонаи хабарӣ аст. Гуфта мешавад, ин мусоҳиба бо ибтикори худи ӯ анҷом шуда, аммо рӯшан нест, ки чаро барои ин иқдом маҳз шабакаи телевизиюни Русия интихоб шудааст.

Ба гуфтаи Марианна Максимовская, муҷрии барномаи “Неделя” (Ҳафта)-и ин шабака, ки дар шаҳри Лондон бо Ислом Каримов сӯҳбат кардааст, ҳоло ин ҷавон дар яке аз донишгоҳҳои Оксфорд омӯзиш дида ва дар иҳотаи муҳофизон ба таълимгоҳ меояд.

Ислом Каримов гуфтааст, ки дар авохири моҳи январу авоили моҳи феврали соли ҷорӣ бо Гулнора Каримова, модараш дидор кардааст.

Ӯ мегӯяд: “Равобити ман бо модарам маҳдуд аст. Аз бештари ҷузъиёт иттилоъе надорам. Аммо хуб медонам, ки модар ва хоҳарам ҳаққи хуруҷ аз Ӯзбакистонро надоранд. Хоҳарам барои таҳсил ба Бритониё барнагашт.”

Image copyrightBBC World Service
Image caption Гулнора Каримова ва духтараш дар ҳабси хонагӣ қарор доранд

Тибқи хабарҳои расида, дар зарфи чанд моҳи ахир Гулнора Каримова ва духтараш Имон дар ҳабси хонагӣ дар шаҳри Тошканд ба сар мебаранд. Шарикони тиҷоратии хонуми Каримова зиндонӣ шуда, вале дар қиболи ӯ иттиҳоме эълом нашудааст.

Ба эътиқоди оқои Каримов миёни модар ва бобояш моҷаро рух надода, аз сару садоҳо дар бораи ин гуна моҷаро иттилоъе надорад ва намедонад, ки чаро модараш мавриди таъқиб қарор гирифтааст.

Зимнан, Гулнора Каримова аз таъқибот аз ҷониби мақомоти расмӣ ва Рустам Иноятов, раиси Идораи амнияти миллии Ӯзбакистон хабар дода, ангушти иттиҳомро сӯйи Татяна Каримова, модараш ва Лола Каримова-Тиллоева, хоҳараш гузошта буд.

Ба гуфтаи Ислом Каримови кучак, мумкин аст таъқибҳо дар қиболи модараш ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Ӯзбакистон дар соли оянда рабт дорад.

Қаблан Гулнора Каримова вориси эҳтимолии падараш дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ арзёбӣ шуда ва хонуми Каримова низ даъвои курсии раиси ҷумҳурӣ карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Ислом Каримов гуфтааст, ки “бобояш аз ҷониби касе идора мешавад.”

Image copyrightBBC World Service
Image caption Ислом Каримови кучак гуфт, аз моҳи сентябри соли гузашта бо бобояш дидор накардааст

Оқои Каримов гуфтааст: “Касе аз хориҷ барои идораи бобоям ва модарам талош карда ва онҳоро ба ҳам муқобил мегузорад. Эҳтимол душмани мо ба бобоям иттилоъи нодуруст медиҳад. Агар ӯ ин мусоҳибаи маро тамошо кунад, шояд натиҷагирӣ карда ва вазъиятро дарк мекунад.”

Ӯ гуфт, ки аз моҳи сентябри соли гузашта бо бобояш дидор накардааст.

Ӯ гуфт: “Дар ин муддат борҳо барои тамос бо бобоям талош кардам. Рӯзи 22 декабри зодрӯзи ман аст. Дар муддати 21 соли ахир зодрӯзи ман дар манзили бобоям таҷлил мешуд. Ин бор моро ба манзил роҳ надоданд. Аммо маълум нест, ки ин амр аз сӯйи кӣ содир шудааст. Ба фикрам, бобоям аз талошҳои мо барои тамос бо ӯ хабаре надорад.”

Ислом Каримови кучак аз сӯйиқасдҳо ба ҷони ӯ ва модараш хабар дода ва гуфт: “Ду соле қабл ба модарам заҳр доданд, аммо ӯ ҷон ба саломат бурд. Шояд ба далели ҷавон будан асари ин заҳр барои ман камтар буд. Аммо ман дар муддати 6 моҳ мудово карда, табобати модарам то ба ҳол идома дорад. Тибқи бархе хабарҳо, модарам имкони дастрасӣ ба доруҳои заруриро надорад.”

Ба гуфтаи ӯ, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон аз ҳодисаи заҳролуд кардани онҳо иттилоъ ёфта ва дар ин замина ибрози нигаронӣ карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Ислом Каримов сару садоҳо мабнӣ бар зиндагии бошукӯҳи худро такзиб карда ва гуфт, ӯ таҳти низоми сахтгиронаи модараш тарбият ёфтааст.

Оқои Каримов гуфт: “Нахуст, ман чандин худрави гаронбаҳо надорам. Дигар, модарам сахтгир аст. Аввал ин тарзи тарбиятро дарк намекардам, ҳоло аз ӯ миннатдор ҳастам. Ман худро авлоди “Ҷавонони тилоӣ” намедонам.”

Ҳамзамон, ӯ гуфт, дар ҷараёни таҳсил дар Бритониё мушкили молӣ надорад ва ба далели кам будани махориҷ пулҳои фиристодаи модараш кифоят мекунад.

Матолиби муртабит