Рақси наврӯзии Каримов ва нигаронияш аз ихтилоф дар 'бархе манотиқ'

  • 20 Март, 2014
КаримовImage copyrightBBC World Service
Image caption Рақси Президент Каримов дар маросими ҷашни Наврӯз

Раиси ҷумҳурии Узбакистон дар як суханронӣ дар ҳамоиши идона ба муносибати ҷашни Наврӯз хостори ҳалли мусолиматомези ихтилофот дар “дар бархе манотиқ” шуда, вале аз Укройн ном набурдааст.

Суҳбати 15-дақиқаии оқои Каримов дар маросими идона дар шаҳри Тошканд сурат гирифта ва аз тариқи шабакаи телевизиюни давлатии Узбакистон ба таври мустақим пахш шудааст.

Президент Каримов гуфтааст: "Мардуми мо чи мехоҳад? Қабл аз ҳама онҳо хостори сулҳу сабот дар кишвар, дар минтақа ва ҷаҳон ҳастанд. Онҳо мехоҳанд мухолифатҳо дар бархе аз манотиқ бидуни истифода аз зӯр ва аз тариқи музокироти сиёсӣ ва сулҳомез ҳал шавад."

Ҳамчунин, чун солҳои қаблӣ дар маросими ҷашни Наврӯз Ислом Каримов дар саҳна рақс кардааст.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Вошингтун пуст" навишта, ки таҳаввулоти Криме дар канори Киеву Маскав раҳбарони давлатҳои Осиёи Марказиро низ нигарон сохтааст.

Ин нашрия навиштааст: "Тазоҳуроти Юрумайдон дар шаҳри Киев, ки ба барканории Виктур Ёнукувич, раиси ҷумҳурии Укройн, анҷомид, бидуни шак дар миёни раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ нигарониҳоеро дар бораи то чи ҳад мустаҳкам будани қудраташон ба вуҷуд овардааст."

Қаблан Вазорати хориҷаи Узбакистон зимни интишори баёнияе нигаронии амиқи худро дар мавриди ҳаводиси Укройн иброз дошта буд.

Дар ин баёния, ки дар хабаргузории "Ҷаҳон"-и вазорати хориҷа мунташир шуда буд, омадааст: "Ҳаводиси Укройн метавонад истиқлол ва якпорчагии ин кишварро зери хатар бибарад."

Вазорати хориҷаи Узбакистон ибрози умедворӣ карда буд, ки мухолифатҳо дар Укройн бидуни мудохилаи ҷавониби мухталиф ва дар чорчӯби ҳуқуқи байналмилалӣ ҳал хоҳад шуд.

Расонаҳои расмии Узбакистон дар мавриди ҳаводиси Укройн матолибе пахш накардаанд ва сатҳи иттилоъи сокинони ин кишвар дар марвиди ин ҳаводисро тавассути баррасиҳо дар шабакаҳои иҷтимоъии интернет арзёбӣ кардан мумкин аст.

Сокинони шаҳр ва вилояти Тошканд гуфтаанд, ки дар бораи муноқишоти Укройн аз тариқи шабакаҳои телевизиюни Русия хабар ёфтаанд.

Ба гуфтаи коршиносони маҳаллӣ, давлатҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Узбакистон, намехоҳанд дар мавриди масоили ҳассосе чун мудохилаи ошкори Русия дар умури Укройн ибрози назар кунанд.

Дар моҳи гузашта чанд тан аз фаъъолони ҳуқуқи башар, ки бо пуштибонӣ аз муътаризони майдони шаҳри Киев ба хиёбонҳои Тошканд баромаданд, аз ҷониби пулис боздошт ва муҷозот шуда буданд.

Матолиби муртабит