Нигаронии Сенои Ӯзбакистон аз фаъъолияти “Талко”

  • 23 Август, 2013
Талко
Image caption Сенои Ӯзбакистон аз фаъъолияти корхонаи "Талко" интиқод кард

Намояндагони порлумони Тоҷикистон ба даъвоҳои порлумони Ӯзбакистон мабнӣ бар “асари номатлуби партовҳои корхонаи “Талко” ба муҳити зисти манотиқи марзии Ӯзбакистон бо Тоҷикистон” посух гуфтаанд.

Дар ҷаласаи кушодаи Сено ё Маҷлиси улёи порлумони Ӯзбакистон дар рӯзҳои 20-21 августи соли ҷорӣ, гурӯҳҳои зистмуҳитии ин кишвар корхонаи олюминиюми Тоҷикистонро дар олуда сохтани фазои манотиқи ҷанубии Ӯзбакистон муттаҳам карда ва гуфтаанд, ки бар асари аз меъёр зиёд будани флориди ҳидроген ва гозҳои гулхонаии “Талко”, ба муҳити зист ва саломатии сокинони вилояти Сурхондарёи ин кишвар хисороти ҷиддӣ ворид шудааст.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунист ва намояндаи порлумони Тоҷикистон, ки якҷо бо Маҳмадшариф Ҳақдодов, раиси Кумисиюни муҳити зисти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи Сенои Ӯзбакистон ширкат дошт, гуфт, ҷониби Тоҷикистон ба навбаи худ ба хисороти корхонаҳои санъатии навоҳии Бекободу Олмалиқи Ӯзбакистон ба навоҳии ҳаммарзи вилояти Суғди Тоҷикистон ишора кардааст.

Зимнан, ба ҳангоми баррасии вазъияти экулужӣ дар Тоҷикистон дар ҷаласаи вижаи Маҷлиси намояндагони ин кишвар дар моҳи июни соли ҷорӣ корхонаҳои бузурги фулизгудозӣ, тавлиди семон ва шабакаи барқу гармидиҳии навоҳии Бекободу Олмалиқи Ӯзбакистон дар олудасозии фазо ва манобеъи оби манотиқи шимоли Тоҷикистон муқассир арзёбӣ шуда буд.

Тибқи иттилоъи муқаддамотӣ, ин вазъ ба саломатии беш аз 600 ҳазор сокини навоҳии Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Зафарободи вилояти Суғд асари номатлуб гузоштааст.

Маҳмадшариф Ҳақдодов, раиси Кумисиюни муҳити зисти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интиқодоти ҷониби Ӯзбакистон мабнӣ ба хисороти корхонаи “Талко”-и Тоҷикистонро якҷониба унвон кард.

Ба гуфтаи оқои Ҳақдодов, дар зарфи 5 соли ахир ин корхона ба хотири коҳиши партоби гозҳои гулхонаӣ барои мудернсозии таҷҳизоти корхона 464 милюн сомонӣ ё ҳудуди 100 милюн дулори омрикоӣ масраф шудааст.

Ӯ гуфт, аз намояндагони Сенои Ӯзбакистон даъват кардааст, ки ба манзури баррасии асари корхонаи “Талко” ва корхонаҳои санъатии Ӯзбакистон ба муҳити зисти ин ду кишвар аз ҷумлаи коршиносони зистмуҳитии Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва коршиносони байналмилалӣ Кумисиюни муштарак таъсис шавад.

Аммо ҷониби Ӯзбакистон ба ин пешниҳод ҳанӯз посухе надодааст.

Корхонаи олюминиюми Тоҷикистон дар соли 1975 ба фаъъолият пардохта ва то соли 1990 дар ин корхона беш аз 7 ҳазор тан аз атбоъи Ӯзбакистон кор мекарданд ва он замон мавзӯъи асари номатлуби корхан ба муҳити зист матраҳ набуд.

Дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва касби истиқлоли Тоҷикистон дар авоили даҳаи 1990 ҷониби Ӯзбакистон ба таври фазоянда мавзӯъи “зарари корхонаи олюминиюми Тоҷикистон ба муҳити зист ва саломатии сокинони вилояти Сурхондарёи ин кишвар”-ро матраҳ кардааст.

Дар солҳои ахир мақомҳои Ӯзбакистон дар ҳамоиши созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва Иттиҳодияи Урупо мавзӯъи мушкилоти зистмуҳитӣ бо корхонаи Талкои Тоҷикистонро матраҳ карда ва дар ин замина ба Дабири кулли Созмони Милал шикоят бурдаанд.

Матолиби муртабит