Ошноии диплумотҳои хориҷӣ бо фаъъоиляти корхонаи "Талко" дар заминаи ҳифзи муҳити зист

  • 27 Июн, 2013
Корхонаи Талко
Image caption Ин корхона дар панҷ соли ахир барои ҷилавгирӣ аз таъсири корхона ба муҳити зисти атроф беш аз 100 милюн дулор масраф кардааст

Ахиран иддае аз диплумотҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аз корхонаи "Талко"-и ин кишвар дидан ва бо шароити фаъъолияти корхона ва таъсири он ба муҳити зистӣ атроф ошно шуданд.

Тавре, ки аз дафтари матбӯъотии ин корхонаи хабар додаанд, дар ҷараёни ошноии сафирони кишварҳои хориҷӣ аз ин корхона, масъулони ширкат ба онҳо иттилоъ доданд, ки дар ҳафт соли ахир бузургтарин корхонаи кишвар барои беҳбудии вазъи муҳтити зистӣ дар Тоҷикистон беш аз 190 милюн сомонӣ масраф кардааст.

Ҳамчунин ин корхона аз соли 2008 бад ин сӯ барои барои таъмини амнияти тавлиди маҳсулот ва ҷилавгирӣ аз таъсири корхона ба муҳити зисти атроф беш аз 100 милюн дулор масраф кардааст.

Игор Сатторов, масъули бахши иттилоъоти корхонаи олуминиюми Талко, рӯзи панҷшанбеи 27 июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин диплумотҳо аз ҷумлаи сафирони Бритониё, Фаронса ва Оморико дар Тоҷикистон буданд.

Оқои Сатторов гуфт, ки мудирияти корхона дар масъалаи таъсири Талко ба муҳити зисти атроф, таҳлили фаъъолиятҳои ширкат барои ҳифозат аз муҳити зистиро дар ихтиёри сафирон гузоштааст.

Оқои Сатторов гуфт: "Мо сафиронро дар ҷараёни он гузоштем, ки ширкати Талко бо "Маркази тавсеъаи навоварӣ", ки бо ҳимояти Пружаи "Муъаррифии мафҳуми тавсеъаи инсонӣ дар Тоҷикистон "-и Барномаи тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид роҳандозӣ мешавад, дар заминаи анҷоми баррасии дақиқи таъсири фаъъолияти корхона ба вазъи муҳити зистии ноҳияи Турсунзода , ки аз сӯйи коршиносони мустақил анҷом мешавад, қарордодеро ба имзо расонидем."

Оқои Сатторов мегӯяд, ки роҳандозии ин барнома баёнгари он аст, ки корхона дарвоқеъ таъсири баде ба табиъати атроф намекунад ва таҷҳизот барои безарар гардонидани партовҳои гозҳои музир мутобиқ будаанд.

Даъвати сафирони кишварҳои хориҷӣ баъд аз ироаи шикояти давлати Узбакистон ба Созмони Милали Муттаҳид аз асароти номатлуби корхонаи Талко ба вазъи муҳити зистии манотиқи наздик ба корхона дар қаламрави Узбакистон сурат мегирад.

Дар авоили моҳи июни соли ҷорӣ намояндаи доимии Узбакистон дар СММ унвонии Бон Кӣ Мун, номае ирсол карда ва дар он аз таъсири манфии корхонаи 'Талко'-и Тоҷикистон ба вазъи муҳити зист дар устони Сурхондарёи он кишвар, ки бо минтақаи ғарби Тоҷикистон ҳаммарз аст, хабар дод.

Ин намояндаи узбак дар ин нома аз дабири кулли СММ хостааст, ин созмон барои поён додан ба асароти манфии корхонаи 'Талко' ба муҳити зисти минтақа иқдоме бикунад.

Дар вокуниш ба ин шикояти ҷониби Узбакистон намояндагони порлумони Тоҷикистон дар як чаласа аз таъсири номатлуби корхонаҳои санъатии Узбакистон ба минтақаи шимоли Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Аз ҷумла Амиршо Миралиев, муъовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 21 июн, дар чаласа гуфт, ки корхонаҳои санъатӣ ва коркарди маъодини Узбакистон муҳити зисти навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистонро олуда мекунанд.

Оқои Миралиев ҳамчунин гуфтаст, ки ниҳодҳои зирбати Тоҷикистон то ҳанӯз дастури Президент Раҳмонро дар бораи мушаххас кардани мизони хисороти зистмуҳитӣ ва иқтисодии воридаи корхонаҳои Узбакистон ба манотиқи шимоли Тоҷикистонро иҷро накардаанд.

Коршиносони сиёсӣ бар ин назаранд, ки баъд аз ба сардӣ гароидани муносиботи Тоҷикистон ва Узбакистон дар солҳoи ахир, шикоёти мақомоти мухталифи узбак аз таъсири манфии корхонаҳои санъатии Тоҷикистон ба муҳити зисти он кишвар афзоиш ёфтааст.

Матолиби муртабит