Миралиев: Корхонаҳои Ӯзбакистон бештар фазоро олуда мекунанд

  • 21 Июн, 2013
Миралиев
Image caption Оқои Миралиев гуфт, корхонаҳои санъатии Ӯзбакистон фазои манотиқи шимоли Тоҷикистонро олуда мекунанд

Муъовини раиси порлумони Тоҷикистон гуфтааст, ки корхонаҳои санъатӣ ва коркарди маъодини Ӯзбакистон муҳити зисти навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистонро олуда мекунанд.

Амиршо Миралиев, муъовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин суханонро рӯзи ҷумъаи 21 июн, дар ҷаласаи Кумисиюни зистмуҳитии порлумон гуфтааст.

Оқои Миралиев ҳамчунин гуфт, ниҳодҳои зирбати Тоҷикистон то ҳанӯз дастури Президент Раҳмонро дар бораи мушаххас кардани мизони хисороти зистмуҳитӣ ва иқтисодии корхонаҳои Ӯзбакистон ба манотиқи шимоли Тоҷикистонро иҷро накардаанд.

Ба гуфтаи ӯ корхонаҳои бузурги филизгудозӣ, тавлиди семон ва шабакаи барқу гармидиҳии навоҳии Бекободу Олмалиқи Ӯзбакистон фазо ва манобеъи оби манотиқи шимоли Тоҷикистонро олуда карда ва тибқи иттилоъи муқаддамотӣ, ин вазъ ба саломати беш аз 600 ҳазор сокини навоҳии Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Зафарободи вилояти Суғд асари номатлуб мегузорад.

Кумисиюни зистмуҳитии порлумон дар ҷаласаи 21-уми июн ба Вазорати беҳдошт, Фарҳангистони улум, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ниҳодҳои дигари Тоҷикистон дастур дод, ки то охири соли ҷорӣ таъсири корхонаҳои санъатӣ ва коркарди маъодини Ӯзбакистон ба муҳити зист ва саломатии сокинони вилояти Суғдро мушаххас кунанд.

Оқои Миралиев гуфтааст: “Моро зарур аст, ки дар даст факту рақам ва далелҳои мутақобила ва иттилоъоти илман асосноку собитшудаи вайрон шудани вазъи экологиро дар ҳудудҳои наздисарҳадии шимоли Тоҷикистон аз ҷониби корхонаҳои Ӯзбакистонро дошта бошем.”

Ду ҳафта қабл давлати Ӯзбакистон аз асароти номатлуби корхонаи Талко ба муҳити зисти вилояти Сурхондарёи ин кишвар ба Дабири кулли Созмони Милал шикоят бурда буд.

Дар солҳои қаблӣ низ мақомҳои Ӯзбакистон дар ҳамоиши созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва Иттиҳодияи Урупо мавзӯъи мушкилоти зистмуҳитӣ бо корхонаи Талкои Тоҷикистонро матраҳ карда буданд.

Вале масъулони корхонаи олюминиюми Тоҷикистон иддаъоҳои ҷониби Ӯзбакистронро рад карда ва мегӯянд, ки дар зарфи 5 соли ахир ин корхона ба хотри коҳиши партоби гозҳои гулхонаӣ ҳудуди 100 милюн дулори омрикоӣ барои мудернсозии таҷҳизоти корхона масраф кардааст.

Маҷлиси намояндагониТоҷикистон пешниҳод кардааст, ба манзури арзёбии мунсифонаи вазъи муҳити зисти манотиқи марзии ду кишвар ва рафъи ихтилофи назарҳои мавҷуда Гурӯҳи байнипорлумонии Тоҷикистону Ӯзбакистон бо ҷалби коршиносони мустақили байналмилалӣ таъсис шавад.