Вокуниши Узбакистон ба буҳрони Укройн

  • 5 Март, 2014

Вазорати хориҷаи Узбакистон зимни интишори як баёния аз ҳаводиси Укройн ибрози нигаронӣ карда ва онро “хатари ҷиддӣ барои истиқол ва якпорчагии ин кишвар” хондааст.

Дар ин баёния, ки аз тариқи хабаргузории “Ҷаҳон”-и Вазорати хориҷаи Узбакистон мунташир шуд, ба ҳалли буҳрони феълӣ дар чорчӯби ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид шудааст.

Дар баёния омадааст: “Узбакистон умедвор аст, ки ба ҷавониби мудохилакунанда дар буҳрони Укройн фишор ворид шуда ва ин ин мушкил дар ояндаи наздик ҳал хоҳад шуд.”

Рӯзи гузашта вазоратҳои хориҷаи Қазоқистону Қирғизистон аз Русия ва Укройн даъват карда буданд, ки аз истифода аз нерӯ худдорӣ карда ва қазияи Укройнро гирди мизи музокирот ҳал кунанд.

Аммо то ҳол мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла, Вазорати хориҷаи ин кишвар, дар мавриди қазияи Укройн ибрози назаре накардаанд.