Ду узви Наҳзати исломии Узбакистон дар Кобул боздошт шуданд

Раёсати амнияти миллии Афғонистон эълом кард ду табаъаи афғон, ки узвияти Наҳзати исломии Узбакистонро доштанд, дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, боздошт шудаанд.
Дар хабарномаи раёсати амнияти миллии Афғонистон омадааст, ки ин ду нафар Фаҳимхон ва Абдуллоҳ ном доранд, ки батартиб сокини вилояти вулусволии Нархи вилояти Майдон Вардак дар ҷануби Кобул ва кӯҳи Софии вилояти Парвон дар шимол будаанд.
Дар ин хабарнома омадааст, ки ин ду узви ҷунбиши миллии Узбакистон дар ноҳияи панҷуми шаҳри Кобул дастгир шудаанд.
Раёсати амнияти миллӣ тавзеҳ додааст, ки боздоштшудагон дар таҳқиқоти аввалия ба иқдомоти ғайриқонунии худ эътироф карда ва тавзеҳ додаанд, ки тавассути яке аз фаъъолони Наҳзати исломии Узбакистон ба номи Ҳиҷратулло ҷазби ин наҳзат шуданд ва ба муддати 40 рӯз давраи омӯзишҳои теруристӣ ва тахрибиро дар минтақаи Мироншоҳ ва Меҳралии Вазиристони Покистон гузаронданд.
Амнияти миллӣ таъкид кардааст, ки ин афрод муддатеро ба унвони масъулони молии Наҳзати исломии Узбакистон дар шаҳри Кобул фаъъолият кардаанд.
Ба гуфтаи ин раёсат ду фарди боздоштшуда дар фаъъолиятҳои теруристӣ, тахрибӣ ва ҷанги мусаллаҳона дар вулусволии Вардуҷи вилояти Бадахшон мушорикати фаъъол доштаанд.
Вулусволии Вардуҷи вилояти Бадахшон чанд бор миёни нерӯҳои амниятии афғон ва шӯришиёни мухолифи давлати Афғонистон даст ба даст шуданд.
Ҷунбиши исломии Узбакистон, ки муътақид ба таъсиси хилофати исломӣ аст, аз сӯйи кишварҳои минтақа ва Омрико дар феҳристи созмонҳои теруристӣ қарор гирифтааст.
Гуфта мешавад аъзои ин гурӯҳ дар манотиқи марзии Покистон ва Афғонистон ва дар шимоли Афғонистон фаъъол ҳастанд ва бо гурӯҳи Толибон ва Алқоъида иртиботи наздик доранд.
