Солеҳ: Тоҷикистон нисбат ба сарнавишти Узбакистон бетафовут нест

  • 11 Январ, 2014
Усмон Солеҳ
Image caption Оқои Солеҳ навишта, ки дар "оташбозиҳои" хонаводаи Каримов идораи амнияти миллии Узбакистон нақши боризе дорад

Усмон Солеҳ, сухангӯйи ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон дар мақолае навишта, ки Тоҷикистон нисбат ба мунозеъоти марбут ба хонаводаи раисҷумҳури Узбакистон бетафовут нест.

Дар мақолаи худ зери унвони "Узбакистон: буҳрони давлатдорӣ ё хонаводагӣ?", ки рӯзи ҷумъаи 10 январ дар торнамои расмии ҳизби халқи демукрот мунташир шуда, оқои Солеҳ "ҷанҷолҳои оилавии" (хонаводаи) Ислом Каримов, раисҷумҳури кишвари ҳамсояи Узбакистонро, ба баррасӣ гирифтааст.

Ин ҷанҷолҳо бештар перомуни номи Гулнора Каримова, духтари бузурги раисҷумҳурии Узбакистон, мечархад, ки ахиран бо истифода аз Твитер падару модар ва хоҳари дигари худ ва ҳамчунин бархе аз мақомоти баландпояи Узбакистонро ҳадафи ҳамалоти лафзӣ қарор додааст.

Дар мақолаи оқои Солеҳ омадааст: "Он чизе, ки дар айни замон дар кишвари ҳамсояи мо мегузарад, Тоҷикистонро бетафовут гузошта наметавонад. Мо намехоҳем, ки зиндагии хонаи ҳамсояи мо ноором бошад. Кадом командае (тиме), ки сари қудрат меояд, хоҳ-нохоҳ ба ҳамкорӣ бо ҳамсояҳо ниёз дорад."

Мақомоти тоҷик зоҳиран ба рӯйдодҳои Узбакистон бо диққати тамом дида дӯхтаанд ва мунтазиранд, ки вазъият ба чи меанҷомад. Онҳо ҳарчанд вокунише расмӣ ба ин таҳаввулот накардаанд, вале мақолаи оқои Солеҳ лоақал баёнгари мавзеъи ҳизбест, ки Эмомалӣ Раҳмон раҳбарии онро ба уҳда дорад.

Image caption Хонуми Каримова бо истифода аз Твитер интиқодоте дар мавриди сиёсатҳои падараш ва атрофиёни ӯ матраҳ кардааст

Ба эътиқоди Усмон Солеҳ, рӯйдодҳои ахир баёнгари ин аст, ки Ислом Каримов, ки худкоматарин раҳбар дар Осиёи Миёна шумурда мешуд, ҳамакнун "пояш ба ҷое расида" ва қудраташро аз даст додааст ва Идораи амнияти миллии Узбакистон ҳамаи ибтикорро ба дасти худ гирифтааст.

Вай менависад: "Ба назар мерасад, ки дар ин “оташбозиҳо” хадамоти амнияти миллии Узбакистон бо сарварии раиси он Рустам Иноятов аз ҳар гуна доираҳои дохиливу хадамоти кашфи хориҷӣ нақши аввалтар дорад. Яъне хадамоти мазкур мехоҳад ташаббусро ба даст гирифта, роҳ надиҳад то ки дар интихоботи президентии оянда на худи Ислом Каримови пояш ба ҷое расида ва на ягон нафаре аз ин хонадон, гузашта аз он зан, роҳбари давлати Узбекистон шавад."

Сухангӯйи ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон эҳтимоли даст доштани Русия дар таҳаввулоти Узбакистонро ҳам баъид намедонад, чун Русия "мехоҳад нуфузи кишварҳои дигареро ба монанди Омрикою Чину Туркия ва ғайра дар ин кишвари саршори нафту гоз боз ҳам заъифтар гардонад."

Аммо вай менависад: "Русияро ҳарчи бештар бозиҳои духӯраи Узбакистон дар солҳои охир асабонӣ карда истодааст. Ҳарчанд, ки бар зиёни Тоҷикистон бо Узбакистон қарордоди интиқоли газро ба имзо расонда, аз иҷрои мувофиқатномаи 4-милёрддулорӣ бо Тоҷикистон даст кашид ва чашми Душанберо дар масъалаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёртарафа як андоза равшан кард. Нағмаҳои Узбакистон нисбат ба ҳамкориҳо дар доираи СПАД, ИДМ, СҲШ ва ғайра ҳоло ҳам Русияро хавотир (нигарон) карда истодааст."

Бо ин ҳол, ба назари оқои Солеҳ, Русия намехоҳад, ки Узбакистон "баъд аз сари Каримов" дучори бесуботӣ шавад. Зеро Маскав Осиёи Миёнаро минтақаи таҳти нуфузи худ медонад ва дар чунин шароите бо хатари қудрат гирифтани исломгароён, бавижа баъд аз хурӯҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон дар соли ҷорӣ, рӯбарӯ хоҳад шуд, ки ин амр дар вазъияти дохилии Русия низ бетаъсир нахоҳад монд.

Вай меафзояд: "Бино бар ин, барои русҳо муфид аст, ки қудрат (дар Узбакистон) бидуни ҷангу хунрезӣ интиқол ёбад. Ва ин салтанатро маҳз низомиҳо ё аниқтараш амниятиҳо ба таври осоишта табдил кунанд."

Дар баробари ин ҳама арзёбӣ, сухангӯйи ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон иддаъо карда, ки мушкилоти дохилии Узбакистон роҳро барои коҳиши мухолифати ин кишвари ҳамсоя бо тарҳи нерӯгоҳи "Роғун", ки мақомоти тоҷик онро "ҳаёту мамоти миллат" хондаанд, ҳамвор кунад.

Тоҷикистону Узбакистон бар сари ин тарҳ ихтилофоте асосӣ доранд. Тоҷикистон талош дорад бо сохтани садде ба иртифоъи 335 метр ва бузургтарин нерӯгоҳи обӣ дар ҷаҳон энержии мавриди ниёзи худро таъмин кунад ва нерӯи барқи изофияшро ба кишварҳои дигар бифурӯшад.

Аммо Узбакистон пайваста бо иҷрои ин тарҳ ибрози мухолифат карда ва иддаъо дорад, ки сохтмони "Роғун" асароти ҷиддие бар муҳити зисти минтақа хоҳад дошт ва мазореъи густардаи панбаи ин кишварро дар маърази беобӣ қарор хоҳад дод. Тошканд ҳамчунин нигарон аст, ки Душанбе кунтрули ҷараёни обро ба дасти худ хоҳад гирифт ва Узбакистонро водор хоҳад сохт, ки наздаш ба зону занад.

Бархе аз таҳлилгарон, аз ҷумла Камолиддин Раббимов аз Узбакистон, муътақиданд, ки буҳрони дохилӣ Узбакистонро дар вазъияте қарор дода, ки дар ин авохир ба "шамшеркашӣ"-и иттилоъотӣ ба тарафи Тоҷикистон фурсати кофӣ надорад.

Аммо Усмон Солеҳ мегӯяд, ки ҳарчанд "зӯргӯии иттилоъотии" Узбакистон коҳиш ёфта, вале "рӯёрӯияш бо Тоҷикистон ва Қирғизистон" дар сатҳи пешина боқӣ мондааст.

Сухангӯи ҳизби ҳокими халқи демукрот дар ниҳоят чунин натиҷагирӣ мекунад, ки аз диди коршиносон, ҷуз ду роҳ барои беҳбуди равобити Тоҷикистону Узбакистон боқӣ намондааст: ё нишастан пушти мизи музокирот ё "ба хайрияту оромӣ" анҷом ёфтани ончи дар Узбакистон мегузарад.

Матолиби муртабит