Таъқибу фишор алайҳи духтари Каримов пас аз оғози 'ҷанги твитерӣ'

Сафҳаи твитери Гулнора Каримова, духтари раисҷумҳури Узбакистон, ки ахиран тавассути он аз мавориди таъқибу фишор алайҳи худ хабар медод, рӯзи панҷшанбе баста шуд.
Қабл аз баста шудани сафҳааш хонуми Каримова тавассути “Twitter” аз мутаваққиф шудани фаъъолияти сандуқи хайрияи “Fund Forum” низ хабар дод, ки ба ӯ мутаъаллиқ аст.
Ин сандуқ даҳҳо созмонҳои ғайридавлатиро дар бахшҳои маъориф, илм, фарҳанг ва варзиш муттаҳид карда ва ба гуфтаи хонуми Каримова, бахшҳои он дар шаҳрҳои Маскав, Пекан, Тукию, Порис, Виян, Модрид, Ню-Йурк, Берлин, Женев ва Ландан фаъъолият доштаанд.
Ҳамчунин, рӯзи панҷшанбеи 21 ноябр хонуми Каримова дар сафҳаи худ дар Твитер бо интишори аксу баёнияҳое аз даст доштани модараш дар таъқибу азияташ ва қатъи фаъъолияти созмонҳои мутаъаллиқ ба ӯ хабар дод.
Сафҳаи Гулнора Каримова дар Твитер ҳудуди 45 ҳазор хонанда (фолловер) дошт.
"Ҷоҳталабе сиёсӣ"
Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, ки бо лақаби “Маликаи Узбакистон” маъруф аст, ба унвони ситораи мусиқии поп ва ҷоҳталабе сиёсӣ шинохта шудааст.
Ба назар мерасад, ки пас аз мавриди белутфӣ қарор гирифтанаш, хонуми Каримова қасд дорад пардаро аз рӯйи сиёсатҳои маҳрамонаи худкоматарин давлат дар Осиёи Миёна бардорад.
Гулнора Каримова, ки ба таваҷҷуҳи умумӣ хӯ гирифта ва то ин авохир аз ворисони аслии падараш маҳсуб мешуд, барои ҳамла ба чеҳраҳои калидӣ ва муассисоти давлатии Узбакистон аз шабакаи иҷтимоъииТвитер истифода кардааст. Ин иқдоми бесобиқаи ӯ навъе посух ба аъмоле хонда мешавад, ки зоҳиран ба хотири коҳиши нуфузаш анҷом шудааст.
Дар канори иҷрои чанд тарҳи ҳунарӣ, аз ҷумла, клипи видеюӣ бо Жерор де-Порде, ситораи синемои Фаронса, Гулнора Каримова ба унвони як зани тоҷири саршинос аз эътибор бархурдор шуд.
Маъмулан ӯ дар шабакаҳои телевизиюнию родиюӣ дар нақши хайрхоҳи фақирон ва ҳомии ҳунар зоҳир мешуд.
Тавассути сандуқи мавсум ба “Fund Forum” хонуми Каримова тадобири мухталифи иҷтимоъӣ, аз ҷашнҳои арӯсии хайрхоҳона то ҷашнвораҳои солонаи ҳунарии “StyleUz”-ро созмон додааст.
Ғайбати ӯ дар расонаҳо
Аммо ахиран ҳузури Гулнора Каримова дар расонаҳо ҷиддан коҳиш ёфтааст. Дар моҳи гузашта пахши барномаҳои чанд шабакаи телевизиюн ва родиюи муртабит бо ӯ қатъ шуд.
Яке аз расонаҳои гурӯҳӣ ба гумони даст доштан дар ҷароими иқтисодӣ мавриди бозрасӣ қарор гирифт.
Аз ин вазъ ҷашнвораи ҳамасолаи ҳунарии “StyleUz”, ки маъмулан дар он ситораҳои ҷаҳонӣ, назири Хусе Коррерос ва Стинг ширкат мекарданд, латма дид.
Дар муқоиса бо солҳои қаблӣ, ки ҷашнвора дар матбӯъот ба таври густарда пӯшиш меёфт, расонаҳои давлатӣ намоишкорона дар ҷашнвораи соли ҷорӣ ширкат накарданд.
Афзун бар ин, Лоро Фобиён, сарояндаи маъруф, дар ин тадбири ҳунарӣ ширкат накард. Қаблан ӯ барои омодагӣ барои ҳунарнамоӣ дар кишваре, ки ҳуқуқи башар нақз мешавад, мавриди интиқод қарор гирифта буд.
Сандуқи “Fund Forum”-и хонуми Каримова, созмондиҳандаи ин ҷашнвора, то ҳол таҳти фишори сарпарастони молияш қарор дорад.
Исён дар Твитер
Дар посух ба ин иқдомот, Гулнора Каримова дар шабакаи Твитер даст ба исён зада, ки ин иқдом дар кишваре, ки расонаҳо таҳти назорати сахти мақомот қарор доранд, бесобиқа унвон шудааст.
Ӯ рӯзи 13 ноябри соли ҷорӣ дар сафҳаи Твитер-и худ хабар дод, ки афроди мусаллаҳ бо туфанги худкор дар истудиюи яке аз шабакаҳои телевизиюнии мамнӯъшуда амалиёти бозҷӯӣ анҷом додаанд.
Хонуми Каримова навиштааст :“Одамон лату кӯб шуданд.” Ӯ афзудааст, ки ҷавонон бо иттиҳомоти сохтаи коршиканӣ ва рӯҳияи зиддидавлатӣ таҳдид шудаанд.
Дар яке аз навиштаҳои ҳайратовари худ ӯ Рустам Иноятов, раҳбари қудратманди идораи амниятро ба тавтеачинӣ алайҳи худ ва талош барои касби қудрат муттаҳам кард.
Дар посух ба ин суол, ки “Оё Рустам Иноятов дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат хоҳад кард?”, хонуми Каримова дар Твитер навиштааст: “Бале! Ӯ аз ҳоло барои ин мақом мубориза мекунад!”
Ҳамчунин, ӯ оқои Иноятовро ба таҳдиди худ ва мамонеъат аз номзадияш ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ муттаҳам кард. Ӯ навишт: “Вай ба ман гуфт, ки агар гарданкулуфтӣ накунӣ, мо коре ба кори ту нахоҳем дошт.”
Дар навиштаҳои дигари худ, хонуми Каримова ниҳодҳои амниятиро ба таҳдид, лату кӯб ва ҳатто водоштани афсарон ба иқрор ба ҷурм тавассути зӯр муттаҳам кардааст.
Ӯ рӯзи 4 ноябри соли ҷорӣ дар бораи лату кӯби афсаре, ки як данда ё қабурғааш шикаста, навишт: “Онҳо кормандони худро лату кӯб карданд, то ба аъмоле, ки муртакиб нашудаанд, иқрор кунанд.”
Ба навиштаи хонуми Каримова, ин афсарон ба далели ифшои иттилоъоте дар бораи аъмоли ғайриқонунии кормандони амниятӣ, ки дар маҳалли кор шаробнӯшӣ карда, ба роҳзанӣ ва қочоқи алкул ва сигор машғуланд, бо чунин вазъияте мувоҷеҳ шудаанд.
Ин иттиҳом мушобеҳи иттиҳомотест, ки созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз мавориди фаровони шиканҷа ва нақзи ҳуқуқи башар дар системи қазоии Узбакистон хабар додаанд, аммо мақомоти ин кишвар маъмулан ин иттиҳомотро рад мекунанд.
Мубориза барои қудрат
Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар пайи матраҳ шудани чунин иттиҳомоти аланӣ рақобат барои қудрат дар миёни нухбагони сиёсии узбак ошкор шудааст. Онҳоро зоҳиран ин масъала, ки чи касе вориси Президент Каримови 75-сола хоҳад шуд, нигарон сохтааст.
Муддате тӯлонӣ духтари Ислом Каримов бар номзадҳои эҳтимолии дигар пешӣ дошт, аммо ба дунболи мушкилоте, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ба вуҷуд омад, нуфузи ӯ коҳиш ёфт.
Соли гузашта номи хонуми Каримова дар иртибот бо иттиҳоми фасод ва пулшӯйӣ дар матбӯъот пайдо шуд. Афроди наздик ба ӯ дар анҷоми фаъъолиятҳои ғайриқонунӣ гумонбар шуданд.
Соли ҷорӣ дар чорчӯби ин бозрасӣ манзилаш дар Фаронса мавриди бозҷӯйӣ қарор гирифт.
Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ Лола Каримова-Тиллоева, духтари кӯчаки Ислом Каримов, ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар зарфи чанд соли ахир бо хоҳараш ҳамсухан нест ва дар хонаводаи онҳо ихтилофоти ҷиддӣ вуҷуд дорад.
Лола Каримова-Тиллоева шонси хоҳараш барои касби курсии раиси ҷумҳурии Узбакистонро “пойин” арзёбӣ карда буд. Эҳтимол дар посух ба ин гуфтаҳо Гулнора модару хоҳарашро ба ҷодугарӣ муттаҳам кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз чопи матолиби нохушоянд дар ҳаққи ӯ душманоне қарор доранд, ки мехоҳанд ӯро бадном кунанд. Аммо имрӯз ӯ бо таҳдидҳои ҷиддие рӯбарӯ аст.
Мақоми ҷаҳанамӣ
Хонуми Каримова таъкид кардааст, ки барои бастани сандуқи “Fund Forum” талошҳое сурат гирифта ва барои бадном сохтани ӯ асноде ҷамъоварӣ шудааст.
Бо таваҷҷуҳ ба мақоми ӯ ва ин ки режими феълӣ фаъъолияти созмонҳои иҷтимоъиро маҳдуд кардааст, ҳарфҳои ӯ дар бораи созмонҳои ғайридавлатӣ ва озодии баён ҳайратангез ба назар мерасад.
Ӯ 7 ноябри соли ҷорӣ дар Твитер навишт: “Дар ин кишвар кадом созмони ғайридавлатӣ бояд фаъъолият кунад? Шояд, танҳо созмонҳои фармонбардор ва сокит фаъъол бошанд?”
Хонуми Каримова аз талошҳо барои масмум ё заҳролуд сохтани худ тавассути симоб хабар дода ва афзудааст, ки то ҳол бар асари он мудово мешавад.
Гулнора Каримова аз ҳама гуна иддаъо барои курсии раиси ҷумҳурӣ дурӣ ҷуста ва гуфтааст, ки барои ӯ ин мақоми "ҷаҳаннамӣ" ҷаззоб нест.
Ахиран хонуми Каримова дар Твитер навишт: “Онҳо мехоҳанд ман сокит шавам ва кишварро тарк кунам.”
Дар ҳамин ҳол, Гулнора Каримова рӯзи чаҳоршанбеи 20 ноябр аз тариқи Твитер аз зиндонӣ шудани духтаре, ки дар маҳфили “Келажак овози” (“Садои оянда)-и Сандуқи “Fund Forum” ширкат дошт, хабар додааст.
Хонуми Каримова навиштааст, ки барои мушаххас кардани ин қазия ба бахши маҳаллии Вазорати умури дохилии Узбакистон рафтааст.
Ӯ ба кормандони ин ниҳод, ки ба зиндонӣ кардани афрод машғуланд, муроҷиъа кардааст: “Ба ҳамаи онҳое, ки хирад ва қалби худро гум накардаанд! Ҷавононро наметавон шикаст!!! Шумо ба ояндаи худ хатти бутлон мекашед! Ҳоло барои шумо соли 1938 нест, ки нимашаб омада, афродро бо худ баред!”
Гулнора Каримова афзудааст: “Барои ҳар фарди солимъақл рӯшан аст, афроде, ки кишвар, раиси ҷумҳурӣ ва хонаводаи ӯро ба хок яксон мекунанд, касе онҳоро аз манзилашон набурда ва таъқиб ҳам намешаванд."
"Баръакс, аз тариқи эҷоди фазои тарсу ваҳшат дар кишвар ё зиндон боистеъдодтарин афродро нобуд мекунанд! Авоқиби ин чи хоҳад буд? Авоқиби он инфиҷорҳо ва рӯёрӯйӣ хоҳад буд.”
Ҳамзамон, хонуми Каримова бо ибрози таассуф навиштааст: “Хеле аҷиб аст, аз Русия ва Қазоқистон бо пуштибонӣ аз ман номаҳое ворид шуда, аммо Узбакистон ҳамчунон сокит боқӣ мондааст...”
