Ҳамлаи лафзии Гулнора Каримова ба вазири хориҷаи Узбакистон

  • 10 Январ, 2014
Гулнора Каримова
Image caption Гулнора Каримова дар сафҳаи Твиттери худ ба вазири хориҷаи Узбакистон ҳамлаи лафзӣ кардааст

Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳурии Узакистон, дар сафҳаи Твитери худ вазири хориҷаи ин кишварро ба “иғвогарӣ” дар моҷарои тасарруфи манзилаш дар Суис муттаҳам кардааст.

Ба навиштаи хонуми Каримова, мавзеъгирии Вазорати хориҷаи Узбакистон ба ҳангоми тасарруфи вило ё манзили бузургаш дар Суис аз ҷониби Сафар Бекҷон, як фаъъоли сиёсии узбак, ва ҳамроҳонаш, навъе “иғвоангезӣ” будааст.

Аммо рӯшан нест, ки манзури ӯ аз "иғвоангезии" вазири хориҷаи Узбакистон чи буда ва вазир дар ин рӯйдод дар Суис чи нақше доштааст.

Рӯзи 23 декабри соли гузашта Сафар Бекҷон, аз мухолифони давлати Узбакистон, ба манзили Гулнора Каримова худсарона ворид шуда ва муддати чанд рӯз дар он ҷо ба сар бурда буд.

Он замон оқои Бекҷон ин амали худро “сиёсӣ” хонда ва гуфта буд, ки аз ин манзил барои фаъъолияти Сандуқи демукросии Узбакистон, ки ӯ раҳбарии ин ниҳодро ба уҳда дорад, истифода хоҳад кард.

Ҳайъати Вазорати хориҷаи Узбакистон ба манзури баррасии ин масъала вориди Суис шуда ва тавассути ширкати хусусии амниятии "PROTECTAS" Сафар Бекҷонро аз манзили Гулнора Каримова берун рондааст.

Дар зарфи як соли ахир Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, аз мақомоти баландпояи ин кишвар, назири Шавкат Мирзиёев, нахуствазир, Рустам Азимов, муъовини аввали нахуствазир, Рустам Иноятов, раиси Идораи амнияти миллӣ, Хайриддин Султонов, мушовири раиси ҷумҳурӣ ва модараш Татяна Каримова интиқодҳое кардааст.

Дар ҳафтаи аввали соли ҷорӣ Абдулъазиз Комилов, вазири хориҷаи ин кишвар, дар сафҳаи Твиттер мавриди интиқоди хонуми Каримова қарор гирифтааст.

Таҳлилгарон “ошкорсозиҳои ахир” дар кишвари бастае чун Узбакистонро навъе мубориза барои касби қудрат дар ин кишвар арзёбӣ кардаанд.

Матолиби муртабит