Шарикони Гулнора Каримова зиндонӣ шуданд
Image copyrightnoneХабарҳои расида аз Ӯзбакистон ҳокист, ду тан аз шарикони Гулнора Каримова, духтари Президент Каримов, маҳкум ба зиндон шудаанд.
Тибқи ин хабарҳо, Рустам Мадумаров, ҳамкори духтари бузурги Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, ба муддати 10 сол равонаи зиндон шуда, аммо бар асоси Қонуни афви умумии ин кишвар муддати ҷазо 3,5 сол коҳиш ёфтааст.
Гаяне Авакян, ҳамкори дигари Гулнора Каримова, ба муддати 6 соз зиндонӣ шудааст. Пайвандони маҳкумшудагон гуфтаанд, ки аз тасмими додгоҳ ба додгоҳи истинофӣ шикоят хоҳанд бурд.
Рустам Мадумаров, сарояндаи гурӯҳи мусиқии "Дадо", дар солҳои ахир бо Гулнора Каримова равобити танготанги тиҷорӣ ва хусусӣ дошта, ҳатто шавҳари ғайрирасмии хонуми Каримова унвон шудааст.
Исми Гаяне Авакян дар чанд ҳодисаи пулшӯйӣ дар кишварҳои Урупо пайдо шуда ва гуфта мешавад, масъулияти пешбурди тиҷорати Гулнора Каримоваро ба ӯҳда доштааст.
Дар ҷараёни бозрасии мавориди пулшӯйӣ дар кишварҳои Урупо хонуми Авакян аз афроди наздик ба Гулнора Каримова унвон шуда ва дар сафҳаи шабакаҳои иҷтимоъии Интернет акси ӯ бо хонуми Каримова мунташир шуда буд.
Дар мавриди худи Гулнора Каримова хабарҳои зидду нақиз расидааст. Тибқи иттилоъи торнамои "uzmetronom.com", манбаъи наздик ба давлати Ӯзбакистон, хонуми Каримова Ӯзбакистонро тарк гуфта ва зодрӯзи худро дар яке аз кишварҳои Соҳили Болтик таҷлил кардааст.
Аммо Ислом Каримови кучак, писари Гулнора Каримова гуфтааст, модараш дар ҳабси хонагӣ дар Ӯзбакистон ба сар мебарад.
Иддаъе аз коршиносон қазияҳо дар атрофи Гулнора Каримоваро "ба оғози мубориза барои касби қудрат" дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Ӯзбакистон марбут хондаанд, ки қарор аст дар соли оянда баргузор шавад.
Бархе дигар аз коршиносон, ин гуна ҳодисаҳо, аз ҷумла, ҳабси хонагии Гулнора Каримоваро навъи саҳнасозӣ дар мавриди муҷозоти ӯ арзёбӣ кардаанд.
Зеро то ҳол дар қиболи хонуми Каримова ҳеч гуна иттиҳоме эълом нашуда ва дар бораи рабт доштани ӯ дар ҳаводиси боздошт ва зиндонӣ шудани шариконаш низ иттилоъи расмие вуҷуд надорад.
