Вуруди раҳбарони Гурӯҳи Шонгҳой ба Душанбе

  • 11 Сентябр, 2014
Ислом Каримов
Image caption Ислом Каримов яке аз куҳансолтарин руасои ҷумҳури кишварҳои шӯравии собиқ аст

Раисони ҷумҳурии Русия, Чин, Қазоқистону Узбакистон ва Муғулистон барои ширкат дар иҷлоси раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой вориди Душанбе шуданд.

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, барои бори нахуст дар шаш соли ахир вориди Душанбе шуд.

Сафари оқои Каримов ба Тоҷикистон ба манзури ширкати вай дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) сурат мегирад.

Руасои ҷумҳури Тоҷикистону Узбакистон бори охир дар шаҳри Тошканд дар соли 2010 дар чорчӯби ҳамоиши кишварҳои узви СҲШ дидор ва гуфтугӯ карда буданд. Интизор меравад баъд аз зуҳри имрӯз дидор ва гуфтугӯи якбаяки руасои ҷумҳури ду кишвар дар Кохи Миллат сурат бигирад.

Миёни Тоҷикистон ва Узбакистон, ду кишвари ҳамҷавор, дар тӯли солҳои истиқлол танишҳое, бавижа бар сари истифода аз манобеъи оби минтақа ва талоши Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" буруз кардааст.

Бо ин вуҷуд, руасои ҷумҳури ду кишвар мукарраран изҳор доштаанд, ки куллияи мавзӯъоти мавриди ихтилофи назарҳо бояд мустақиман ва бидуни миёнҷигарии кишварҳои дигар сурат бигирад.

Бархе аз соҳибназарон изҳори умедворӣ мекунанд, ки дар чорчӯби ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви СҲШ шароит барои беҳтар шудани равобити миёни ин ду кишвар фароҳам шавад ва руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Узбакистон бояд аз чунин фурсат камоли истифодаро кунанд.

Мақомҳои Тоҷикистону Узбакистон, ки ҳарду аз ҷамоҳири шӯравии собиқ ҳастанд, ҳамдигарро дар тира шудани равобити дуҷониба дар даврони истиқлоли ду кишвар муқассир медонанд.

Тоҷикистон бар ин назар аст, ки Узбакистон дар замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон аз ҷонибҳои даргир ҳимоят мекард. Узбакистон иддиъо дорад, ки баъд аз ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон нисбат ба Узбакистон “камтаваҷҷуҳӣ” меккунад.

Дар авоили қарни 21 нахуст Узбакистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард ва сипас мақомоти тоҷик низ чунин низоме роҳандозӣ карданд. Пас аз ин, Узбакистон бештаре аз манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро мингузорӣ кард, ки боъиси ҷон додани теъдоди қобили мулоҳизае аз сокинони манотиқи ҳаммарзи Тоҷикистон шуд.

Узбакистон иддиъо дорад, ки ин тадбирро ба манзури ҷилавгирӣ аз вуруди пайкорҷӯёни исломӣ анҷом додааст. Дар ҳар сурат, мушкили равобити миёни Тоҷикистон ва Узбакистон тӯли ин солҳо беҳбуд наёфта ва дар чанд соли ахир шиддати он ба далели тасмими давлати Тоҷикистон ба сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" афзоиш ёфтааст.

Бархе аз соҳибназарон ҳадс мезананд, ки шоми имрӯз барои ширкаткунандагони ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви СҲШ дар Кохи Борбад барномаи ҳунарӣ баргузор мешавад ва эҳтимол дорад баъд аз он равобити миёни раҳбарони Тоҷикистону Узбакистон беҳтар шаванд.

Барои ширкат дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви СҲШ Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, Шӣ Ҷинпинг, раҳбари Чин, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, низ вориди Душанбе шудааст.

Рӯзи гузашта Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, ва зуҳри имрӯз Соҳигийин Элбегдурж, раиси ҷумҳурии Муғулистон, вориди пойтахти Тоҷикистон шудаанд. Ин ду кишвар дар СҲШ мақоми нозирро доранд.

Сушмо Свороҷ, вазири хориҷаи Ҳинд ва Сартоҷ Азиз, мушовири амниятии нахуствазири Покистон, низ, ки кишварҳои нозир дар СҲШ маҳсуб мешаванд, рӯзи панҷшанбе вориди Душанбе шуда ва бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳое анҷом додаанд.

Қарор аст Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, ва ҳамчунин раисони ҷумҳурии Қирғизистон, Белорус, Туркманистон ва мақомҳои кишварҳо ва созмонҳои дигари нозир ҳам базудӣ вориди Душанбе шаванд.

Матолиби муртабит