Ислом Каримов: “Қасди аз қудрат рафтан надорам”
Image copyrightAFPРаиси ҷумҳурии Ӯзбакистон гуфтааст, имкон дорад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар соли оянда ширкат кунад.
Ислом Каримови 76-сола дар кунфаронси байналмилалии "Меъроси таърихӣ ва аҳамияти он ба рушди тамаддуни муъосири уламо ва мутафаккирони асри миёна" дар шаҳри Самарқанд таъкид кардааст, ки қасд надорад дар солҳои наздик аз мақоми олии давлатӣ канорагирӣ кунад.
Оқои Каримов зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш гуфтааст: "Маро барои дар муддати тӯлонӣ раҳбари давлат будан интиқод мекунанд. Бо вуҷуди чунин интиқод ман дар мақоми худ боқӣ мондам. Дар оянда низ кор кардан мехоҳам. Ин кор чи бадӣ дорад?"
Ин баёнияи нахустини Ислом Каримов дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Ӯзбакистон дар моҳи марти соли оянда аст.
Ин дар ҳолест, ки дар авоили соли ҷорӣ дар мавриди бад шудани вазъи саломатии оқои Каримов ва омодагиҳо барои интиқоли қудрат дар Ӯзбакистон сару садоҳое пайдо шуда буд.
Гулнора Каримова, духтари бузурги оқои Каримов, Шавкат Мирзиёев, нахуствазир ва Рустам Иноятов, раиси Идораи амнияти миллии Ӯзбакистон аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раиси ҷумҳурӣ унвон мешаванд.
Зимнан, Ислом Каримов дар муддати 25 сол раҳбарии давлати Ӯзбакистонро ба ӯҳда дорад.
Ӯ дар соли 1991 дар интихоботи нахусти раёсати ҷумҳурии Ӯзбакистони пасошӯравӣ ба рақиби худ Муҳаммад Солеҳ, шоъир ва раҳбари Ҷунбиши мардумии мухолифи давлати "Эрк" (Озодӣ) пирӯз шуда буд.
Муҳаммад Солеҳ дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Ман мӯътақидам, то замоне, ки Ислом Каримов зинда аст, курсии раёсати ҷумҳуриро ба каси дигар намедиҳад. Интиқоли муқаррарии қудрат барои ӯ бегона аст."
Ҳамзамон, оқои Солеҳ тасмими Ислом Каримов дар мавриди боқӣ мондан дар мақоми олиро барояш "ғайримунтазира" хондааст.
Дар ҳафтаи гузашта, Кумисиюни марказии интихоботи Ӯзбакистон таърихи баргузории интихоботи порлумониро эълом кард. Қарор аст, ин интихобот 21 декабри соли ҷорӣ анҷом шавад.
Тибқи Қонуни асосии Ӯзбакистон интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар пас аз 90 рӯзи интихоботи порлумонӣ, яъне дар моҳи марти соли оянда баргузор хоҳад шуд.
Соли гузашта Сенои Ӯзбакистон таърихи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро аз моҳи декабри соли 2014 ба нимаи аввали соли 2015 пеш бурда буд.
Ҳамчунин, Сено дар мавриди ба ихтиёри нахуствазир вогузор кардани бархе аз ваколатҳои раиси ҷумҳурӣ мусаваббае содир карда буд.
