Гулнора Каримова: Маро заданд
Image copyrightBBC World ServiceГулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури Узбакистон, замоне қудратмандтарин фард дар Осиёи Миёна буд. Соли гузашта бахт бо ӯ носозгор шуд, аммо то панҷ ҳафта пеш дар интернет фаъъол буд. Аз он замон ӯ сокит буд.
Номаи тулонии дарҳаму барҳаме ба сандуқи пустии ман андохта шуда, ки нишонаҳое аз парешонӣ дорад. Яке аз сатрҳои он чунин аст: "Ман таҳти фишори равонии шадид қарор дорам, маро заданд, шумо метавонед кабудиҳоро дар дастҳоям бишморед."
Бахши дигаре аз нома зиндагиро дар шароити ҳабси хонагӣ, таҳдидҳои рӯзона ва қарор доштан таҳти мушоҳидаи дурбин ва назорати пулис баён мекунад.
Ин нома аз Узбакистон фиристода шуда, бастатарин ва саркӯбкунандатарин кишвари ҷаҳон. Нома ба унвони замима аз суи фарде бидуни ном фиристода шудааст, ки худро касе муъаррифӣ карда, ки "талош дорад адолатро барқарор кунад."
Фарди фиристандаи нома гуфтааст, ки нома ҳамин чанд рӯз пеш навишта шудааст ва қочоқӣ ба дасти ӯ расидааст. Аммо ӯ додани тавзеҳотро рад кард.
Ин нома имзо надорад, аммо ҷузъиёти дар он омада, сабки печида ва дастнависи хоно ба забони русӣ нишон медиҳад, ки нависандаи он ҳиҷ мухолифи дигаре нест, ба ҷуз Гулнора Каримова, ки замоне номаш ба унвони фарде ки ҷойнишини падар, Ислом Каримов, президенти Узбакистон мешавад, бар сари забонҳо буд.
Сатри дигари ин нома мегӯяд: "Чӣ қадар ман сода будам, ки фикр мекардам дар ин кишвар ҳукумати қонун вуҷуд дорад."
Як таҳлиле, ки бахше ин номаро бо намунаи дастнависи таъйидшудаи хонуми Каримова муқоиса карда, ба натиҷа расида, ки ба гумони ғолиб (75 дарсад) ин нома тавассути ӯ навишта шудааст.
Инесса Голдберг, мутахассиси дастнависҳо ба забони русӣ, муқими Исроил мегӯяд: "Замоне ки бидуни нусхаҳои асл кор мекунед, ташхиси мувофиқати саддарсадӣ тақрибан ғайримумкин аст, аммо эҳтимоли бисёр зиёд вуҷуд дорад, ки ин ду намунаи дастхатро ҳамон як фард навиштааст."
Ин нома ба суқути чашмгири яке аз бонуфузтарин афроди Ӯзбакистон ва пайккори ӯ бо аъзои калидии режим рӯшанӣ меандозад, ки рӯ ба паёмҳои зинда дар Твиттер ниҳод то ҷаҳон ӯро бубинад.
Тайи 14 моҳи ахир Каримова, ки замоне маводи диплумотики дарзкардаи Иёлоти Муттаҳида ӯро "сардастаи роҳзанон" ва "манфуртарин фард" дар Ӯзбакистон тафсиф карда буд, дар Твиттер аз ихтилоф бо падари қудратмандаш менавишт, ки билохира бо баста шудани фаъъолиятҳои тиҷоратии ӯ, шабакаҳои телевизиюниаш, созмонҳои хайрияаш ва боздошти тарафдоронаш анҷомид.
Замоне ки дору дастгоҳи ӯ суқут кард ӯ ба мунтақиди ошкори шахсиятҳои калидии режим, бавижа Рустам Иноятов, баландпоятарин мақоми амниятии падараш табдил шуд. Ӯ оқои Иноятовро ба талош барои тасарруфи қудрат муттаҳам кард.
Гаҳ гоҳе ман ва ӯ бо Твиттер паём раду бадал мекардем. Дар кишваре, ки интернет ва расонаҳо сонсур мешаванд, паёмҳои твиттерии ӯ дастрасии бесобиқае ба таҳҳаввулот буд, ки пеш аз ин ҳатто намешуд онро тасаввур кард. Аммо ба торихи 16 феврал ӯ хомуш шуд. Аз он замон ҳисоби Твиттери ӯ қатъ шуд.
Охарин твити Каримова танҳо як рӯз пеш аз юриши пулис ба опортумони лукс дар Тошканд, пойтахт ва боздошти чаҳор нафар фиристода шуд. Ин иқдоми пулис амре бесобиқа буд. Пеш аз ин ҳиҷ касе аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳатто ҷуръат намекард наздик ба ин опортумон бишавад.
Нома иттилоъи дастнахурдаеро дар бораи ин амалиёти пулис ва паёмадҳои он медиҳад. Ин нома мегӯяд: "Чизе ки ҳамаи инро бадтар месозад ин аст, ки замоне ки шумо тавассути дурбинҳо мушоҳида мешавед, замоне ки афроди мусаллаҳ ҳама ҷо ҳузур доранд ва шумо ба хотири он чӣ дидаед, афсурда ҳастед, ғайримумкин аст ки мисли инсон зидагӣ кунед: нерӯҳои вижа рӯйи бом ҷасту хез мекунанд, чизу чораатон парешон афтодааст, панҷараҳо ва дарҳо шикастаанд ва бадтар аз ҳама фардеро бо чашмони баста рӯи замин мекашанд."
Эҳтимолан фарди чашмбаста, Рустам Мадумаров, шарики тиҷории хонуми Каримова ва тибқи гузоришҳо шарики зиндагии ӯ аст, ки ҳамон шаби юриши пулис ҳамроҳ бо ду тан аз наздиктарин шарикони дигари ӯ боздошт шуд.
Ҳамон рӯзи боздошт ин се тан ба ихтилос, тахаллуфоти молиётӣ, нигаҳдории арзи хориҷӣ ва пулшӯӣ муттаҳам шуданд.
Хонуми Каримова бо парешонӣ ва бо забоне номуназзам ва гоҳо мушкил барои фаҳмидан баён мекунад, ки чӣ гуна зарфи чанд ҳафтаи ахир "садҳо, шояд ҳамакнун ҳазорон нафар" аз тарафдорони ӯ ва кормандони собиқаш мавриди таҳдиду иръоб қарор гирифтаанд ва боздошт шудаанд.
Ӯ мегӯяд ба хотири ин ки мураввиҷи нохушоянди "ҳақиқати ғайризарурӣ" аст аз тарафдоронаш ҷудо сохта шудааст. Ӯ менависад дар хонааш на телевизиюн аст, на интернет аст ва на телефун ва нигарони духтари маризаш аст.
Як манбаъ дар Тошканд, ки бо хонуми Каримова наздик аст, таъйид кард ки ӯ ҳоло дар ҳабси хонагӣ аст ва духтари 16 солаи ӯ, Имон ҳамроҳаш нигаҳдорӣ мешавад.
Марде ки нахост ҳуввияташ ошкор шавад, ҳамчунин гуфт, ки кормандони сафорати Иёлоти Муттаҳида Имонро, ки шаҳрванди ин кишвар аст, аёдат кардаанд. (Падари ӯ Мансур Мақсудӣ, шавҳари собиқи хонуми Каримова, табаъаи Омрико аст, ки аслан аз Афғонистон аст.)
Сафорати Омрико дар Тошканд таъйиди боздидро рад кард ва дар посухе катбӣ навишт: "банобар сиёсате ки ин сафорат дорад, наметавонад дар бораи ин дархости хос тавзеҳот ироа кунад."
Дар посухи сафорат омадааст: "Ба унвони як сиёсати куллӣ вазорати хориҷа ва намояндагиҳои дуплумотики мо дар хориҷ ҳиҷ авлавияте болотар аз таъмини рифоҳ ва амнияти шаҳрвандони омрикоӣ дар хориҷ надоранд."
Сар то ба пойи ин нома хонуми Каримова иддаъоҳоеро алайҳи модар, хоҳар ва бархе аз муттафиқони наздики падари худ матраҳ кардаат. Ӯ онҳоро ба аххозӣ, боҷгирӣ ва шиканҷа муттаҳам мекунад.
Ӯ менависад: "Иллати ин муҷозот ба сабки Пинушет ин аст, ки ман ҷуръат кардам бо садои баланд дар бораи чизҳое бигӯям, ки миллиюнҳо нафар дар бораи онҳо хомӯшанд."
Аммо ҳамлаи хонуми Каримова ба аҳли хонаводааш ва афроди дигар дар зеҳни бисёреҳо ба унвони риёкорӣ дониста мешавад.
Гулнора, ки бисёриҳо дар Ӯзбакистон ӯро ба ҳамин ном ёд мекунанд, замоне тӯлонӣ чеҳраи фиребои режиме буда, ки ҳоло аз он интиқод мекунад.
Ӯ шабакаи бузурге аз фаъъолиятҳои тиҷорӣ дошт, дар ҳамон режим ӯ ситораи шинохтаи мусиқии поп шуд (бо номи Гугуша), гули сари сабад дар муд, тарроҳӣ ва ороиши либос буд, тавлиди атрҳои худро роҳандозӣ кард, фарди шумораи як дар корҳои хайрия шуд ва сафири он дар Созмони Милал дар Женев буд.
Тайи солҳо ман аз узбакҳое мусоҳиба гирифтаам, ки ҳарчӣ доштанд, аз дасти ғосибоне, ки таҳти пӯшиши номи ӯ кор мекарданд, аз даст додаанд.
Соли 2012 як гурӯҳи рӯзноманигорони суэдӣ шавоҳидеро ошкор карданд, ки аз онҳо натиҷа гирифтанд, ширкати суэдӣ ва финлондии TeliaSonera соли 2008 300 миллиюн дулор пардохта то вориди бозори судовари телефунҳои ҳамроҳи Узбакистон шавад. Радёбии пулҳо роҳро ба суи ширкате сабтшуда дар Ҷабалутторуқ (Гибралтар) бурд, ки соҳиби он Гаяне Авакян буд, фарде ки яке аз ду шарики зани боздоштшуда ҳамроҳ бо Рустам Мадумаров, ситораи поп ва шарики зиндагии хонуми Каримова дар рӯзи 17 феврал буд.
Ин қазия яке аз бузургтарин қазияи фасод дар торихи Суэд шуда ва дирӯз душанбеи 24 март, расман эълом шуд, ки хонуми Каримова дар ин қазия мазнун аст.
Таҳқиқот дар бораи ин қазия ҳоло хадамоти бозрасии 10 кишвари дигари Иттиҳодияи Урупо ва Омрикоро шомил мешавад. Ду ҳафта пеш мақомоти Суис эълом доштанд, ки таҳқиқот дар бораи пулшӯиро, ки хонуми Каримоваро низ шомил мешавад, оғоз кардаанд.
Хонуми Каримова мукараран ҳар гуна иртибот бо ширкати TeliaSoneraро рад кардааст ва ширкат низ ҳар гуна тахаллуфро рад кардааст.
Дар нома ӯ бори дигар исрор мекунад, ки корзор алайҳи ӯ ба раҳбарии Иноятов, раиси хадамоти амниятии падараш анҷом мешавад.
Даниил Кислов, сардабири сойти интернетии Ferghana.ru мегӯяд: "Ӯ худро як қурбонӣ ва падарашро ба унвони фарде, ки ба доми найранг уфтода, нишон медиҳад."
Оқои Кислов муътақид аст, ки ҳиҷ каси дигаре ба ҷуз Каримов наметавонист дастур бидиҳад, ки духтараш дар ҳабси хонагӣ қарор дода шавад ё дӯстони наздики ӯ боздошт шаванд.
Ӯ мегӯяд раҳбари қудратманди узбак духтарашро, ба хотири ин ки дар зиндагиаш борҳо по фаро аз ҳад гузошта, муҷозот мекунад.
"15 соли ахир нишон дода, ки интиқодҳои байналмиллалӣ дар бораи ҳуқуқи башар дар Узбакистон, дар бораи шиканҷа дар зиндонҳо, ақимсозии занон дар бемористонҳо давлатӣ ва кори иҷбории кӯдакон дар мазореъи панба Каримовро камтар нигарон накардааст."
Ба назари оқои Кислов чизе ки оқои Каримовро нигарон месозад, хисорате аст, ки маъруфияти Гулнора ба унвони сардастаи роҳзанон ба тавонмандии Ӯзбакистон барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ, ки ба назар мерасад ӯ (Гулнора) ин бахшро ба инҳисори худ дароварда, ворид кардааст.
Ба гуфтаи оқои Кислов бо ҳабси хонагии Гулнора оқои Каримов мехоҳад ба духтари нофармонаш ва ҷаҳон бигӯяд, ки дар Узбакистон танҳо ӯ ҳоким аст.
Сарфи назар аз шоеъот дар даҳ соли ахир дар бораи ин ки оқои Каримов аз бемории дармоннопазир ранҷ мебарад, ин марди 76 сола замоне, ки дар маросими ифтитоҳи бозиҳои Улампики зимистонӣ дар Сучӣ ширкат кард, солим ва бардам ба назар мерасид.
Ҳиҷ нишонае ба назар намерасад, ки ӯ қудратро раҳо кунад.
Аммо оё метавон тасмим дар бораи ҳабси хонагии Гулнораро нишонаи заъфи оқои Каримов донист.
Албатта ин нишон медиҳад, ки ӯ аз бобати зараре, ки духтари ошкоргӯ ва роздонаш метавонад ворид кунад, нигарон аст.
Ва сарфи назаар аз ин ки интернети Гулнора қатъ шуда, ӯ ҳанӯз метавонад коре бикунад, ки садояш шунида шавад.
Ба ҷуз аз фиристодани нома ба ман ӯ тавониста номаи дигареро ба расонаҳои Ӯзбакистон интиқол диҳад, ки дар он аз падараш хоста барояш иҷоза бидиҳад кишварро барои дармон дар хориҷ тарк кунад.
Ӯ дар номае, ки ба ман фиристода мегӯяд: "Ман ҳаргиз фикр намекардам, ки чунин чизе метавонад дар кишваре мутамаддин ва дар ҳоли рушд, ки Ӯзбакистон худро тасвир мекунад, иттифоқ биафтад."
"Аммо нигоҳи амиқ бароям ҳамаи бемаънигии он чиро дар он ҷо ҷараён дорад, нишон дод ва бо гӯш додан ба одамоне, ки қаблан ҳамроҳашон баҳс мекардам, дарёфтам, ки ҳамаи ин чизҳо замони тулоние сурат мегирифтааст."
Агарчи шумори андаке аз узбакҳо ба табдил шудани хонуми Каримова ба мудофеъи ҳуқуқи башар бовар хоҳанд кард, ин нома миёни бисёриҳо танин хоҳад андохт.
