Нигаронии мақомоти тоҷик аз афзоиши кишти хашхош дар Афғонистон
Image copyrightReutersМасъулони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон аз афзоиши кишти хашхош дар Афғонистон дар соли ҷорӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.
Торнамои ин ниҳод менависад, ки тибқи иттилоъи Дафтари муқобала бо маводди мухаддир ва ҷурми Созмони Милали Муттаҳид, дар соли ҷорӣ дар Афғонистон кишти хашхош дар муқоиса бо соли гузашта ҳафт дарсад афзоиш ёфтааст.
Бар асоси ин хабар, дар соли равон дар 19 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон кишти хашхош мушоҳида шудааст. Ва танҳо понздаҳ вилоят дар Афғонистон аз кишти хашхош орӣ будаанд.
Аз ҷумла, дар қаламрави вилояти Бадахшони Афғонистон имсол кишти хашхош 77 дарсад афзоиш ёфта ва беш аз чаҳор ҳазор ҳекторро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2013 дар қаламрави Бадахшон танҳо дар беш аз ду ҳазор ҳектор мазореъ хашхош кишт карда шуда буд.
Гузориши масъулони Дафтари муқобала бо маводди мухаддир ва ҷурми Созмони Милали Муттаҳид ҳокӣ аз он аст, ки бештари мизони кишти хашхош, ки 89 дарсадро ташкил медиҳад, дар манотиқи ҷанубу ғарби Афғонистон ба мушоҳида мерасад.
Пажӯҳишҳои ин созмон мушаххас карда, ки далели аслии афзоиши кишти хашхош дар Афғонистон пойин будани сатҳи фаъъолиятҳо барои нобудсозии ин мавод дар ин кишвар аст.
Тибқи гузориши СММ, дар соли ҷорӣ дар муқоиса бо соли 2013 фаъъолиятҳо барои нобудсозии кишти хашхош дар Афғонистон 63 дарсад коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин, пажӯҳишҳо ҳокист, ки дар соли 2014 тавлиди афюн дар Афғонистон мумкин аст 17 дарсад афзоиш ёбад.
Коршиносон бар ин ақидаанд, ки афзоиши кишти хашхош дар Афғонистон метавонад мунҷар ба афзоиши интиқоли маводди мухаддир аз марзҳои муштараки он кишвар ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон, ва аз он ҷо ба Урупо, шавад.
