Боздошти як рӯҳонӣ ба занни қочоқи маводди мухаддир дар Хатлон

  • 13 Октябр, 2014
Маводди мухаддирImage copyrightBBC World Service
Image caption Кормандони Ожонси мубориза бо маводди мухаддир мегӯянд, ки имом-хатиби яке аз масоҷидро ба занни қочоқи маводди мухаддир боздошт кардаанд

Кормандони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон мегӯянд, ки имом-хатиби яке аз масоҷид дар вилояти Хатлонро ба занни қочоқи маводди мухаддир боздошт кардаанд. Тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии ин ожонс ин фард дар ҷараёни амалиёти “Кӯкнор-2014” боздошт шудааст.

Дар хабар омадааст, фарди боздоштшуда имом-хатиби 36-солаи масҷиди ҷомеъи ба номи “Абубакри Сиддиқӣ”-и шаҳри Қурғонтеппа будааст. Дар ин хабар ҳамчунин омадааст, ки имом-хатиби масҷид дар қаламрпави ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бо миқдоре аз афъюн боздошт шудааст.

Таҳқиқоти муқаддамотии кормандони ин ниҳод муъайян кардааст, ин имом-хатиб афъюнро ҳам худаш масраф мекарда ва ҳам ба сокинони дигар ба фурӯш мегузоштааст. Ҳамзамон ду нафари дигар аз сокинони ин вилоят ба занни фурӯши ин мавод ба имом-хатиб боздошт шудаанд.

Кормандони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Гуфта мешавад, ки афроди боздоштшуда дар боздоштгоҳи муваққатии ин ниҳод ба сар мебаранд.

Ин нахустин ҳодисаи боздошти як имом-хатиб нест ва қаблан низ кормандони пулис аз боздошти афроди мазҳабӣ барои даст задани онҳо ба ҷароими мухталиф иттилоъ додаанд.

Маъмулан ин ҳаводис дар расонаҳои давлатӣ басурати оҷил ва бо ҷузъиёт бозтоб меёбанд. Соҳибназарон мегӯянд, ки бозтоби васеъи мавориди даст задани рӯҳониён ба ҷиноёт ба далелион суратм егирад, ки мақомот мехоҳад аз маҳбубияти рӯҳониён дар миёни мардум бикоҳад.

Алоқамандии расонаҳои давлатӣ барои ифшогарии рӯҳониён то ҳадде боло буд, ки дар тобистони соли ҷорӣ телевизюнҳои давлатӣ аз боздошти имом-хатиби масҷиди яке аз рустоҳои ноҳияи Фархор ба далели доштани равобити номашруъи ҷинсӣ гузориш пахш карда ва дар он гузориш саҳнаҳои иртиботи ҷинсии ба гуфтаи муҷрии телевизиюн "номашрӯъи" як марди рӯҳонӣ бо як зан нишон дода шуда буд.

Намоиши чунин саҳнаҳо дар телевизиюни саросарӣ, ки онро кӯдакон низ тамошо мекунанд эътирозҳоеро дар миёни сокинони кишвар ба дунбол дошт.

Матолиби муртабит