Муттаҳам шудани як зан барои нигаҳдории макони масрафи маводди мухаддир

  • 15 Август, 2014
Маводди мухаддирImage copyrightBBC World Service
Image caption Ҳамасола аз масрафи маводди мухаддир даҳҳо ҷавон дар Тоҷикистон ҷонҳои худро аз даст медиҳанд

Масъулони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон аз боздошти як зан хабар додаанд, ки ба нигаҳдории макони масрафи маводди мухаддир муттаҳам шудааст.

Тибқи иттилоъи торнамои ин ниҳод, кормандони ожонсӣ ҳангоми боздошти ин зан дар манзили ӯ дар шаҳри Душанбе ҳашт нафар аз сокинони аз 19 то 30 сола қарор доштаанд.

Дар ин иттилоъ, ки рӯзи ҷумъаи 15 август пахш шуда, омадааст, ки дар миёни ин ҳашт нафар чаҳор зан низ будаанд, ки ҳамагӣ дар ҳолати сархушӣ аз маводди мухаддир будаанд.

Ҳуввияти ин зан эълом нашуда, вале гуфта мешавад, ки вай сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ буда ва соҳиби ду фарзанди кучак будааст.

Масъулони Ожонси мубориза бо маводди мухаддир гуфтаанд, ки ин занро дар амалиёти вижаи кормандони ин ниҳод боздошт кардаанд.

Дар пайи таҳқиқоти муқаддамотии парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин воқеъа, кормандони ин ожонсӣ як сокини дигари шаҳри Душанберо низ боздошт карданд.

Таҳқиқот мушаххас кардааст, ки ин марди 33-сола дар тӯли ду соли ахир ин макон ва бошандагони онро бо маводди мухаддир таъмин мекардааст.

Кормандони ин ниҳод мегӯянд, ки таҳқиқот барои пайдо кардани ҳамдастони дигари ин ду сокинро идома медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир ин ду фарди муттаҳам дар қочоқи маводди мухаддир дар боздошгоҳи муваққатии Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар ду моҳи ахир ин дуввумин мавриди кашфи макони масрафи маводди мухаддир дар шаҳри Душанбе будааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи расмӣ дар Тоҷикистон ҳудуди ҳашт ҳазор нафар аз муътодони маводди мухаддир, ки ҳудуди 400 нафар аз онҳо занон ва духтарон ҳастанд, сабти ном шудаанд.

Ба гуфтаи иддае аз коршиносони арсаи беҳдошт, ҳамасола даҳҳо ҷавон бар асари масрафи ин мавод ҷонҳои худро аз даст медиҳанд.

Аз сӯйи дигар тибқи иттилоъи расмӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз қочоқчиён беш аз се тун ва 287 килуграм маводди мухаддир дарёфт ва мусодира кардаанд.

Матолиби муртабит