Боздошти як донишҷӯ ба занни қочоқи маводди мухаддир
Пулиси Тоҷикистон мегӯяд, ки як донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, дар ҷануби ин кишварро, ба занни даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир боздошт кардааст.
Тибқи хабари торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Маҳкамшоҳ Раҳмонов, фарди муттаҳам, сокини ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон будааст. Пулис мегӯяд, ки рӯзи 2 июл ба ҳангоми боздошти ӯ аз кифаш беш аз панҷ килуграм бангдона кашф ва мусодира кардааст.
Кормандони пулиси минтақаи Кӯлоб дар ин маврид тибқи моддаи 200-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Гуфта мешавад, шумори қобили мулоҳизаи ҷавонон, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд аз сӯйи додгоҳҳои мухталиф дар давраҳои гуногун барои қочоқи маводди мухаддир маҳкум шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар таҳаввули дигаре, пулис дар рустои мавсум ба Ниводак дар вилояти Бадахшон ҳудуди 5 ҳазор бех аз буттаҳои бангдонаи ҳиндӣ кашф кардааст.
Ҳамчунин, рӯзи 2 июл кормандони пулис дар амалиёти “Кукнор-2014” дар пойгоҳи обкашии “Сомғор-1”-и деҳаи Султонободи шаҳри Қайроққум, беш аз 12 ҳазор буттаи худрӯйи бангро кашф кардаанд.
