Ниёзи Тоҷикистон ба кодрҳои бахши мубориза бо маводди мухаддир
Image copyrightBBC World ServiceРаиси Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон гуфтааст, ки феълан ин ниҳод ба мутахассисон дар бахшҳои “қонунӣ сохтани маболиғ”, “таҳлили истротежик” ва “таҳлили фаврӣ” ниёз дорад.
Женерол Рустам Назаров, раиси ин ожонс, зимни дидор бо Эдуорд Оуэр, фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Урупо дар Осиёи Марказӣ, роҳҳои ҳалли ин мушкилро матраҳ кардааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбӯъоти Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон, дар ин дидор масоили марбут ба амнияти минтақаи Осиёи Миёна, таҳкими марзҳои ҷанубии Тоҷикистон ва ташдиди муборизаи муштарак алайҳи қочоқи маводди мухаддир низ баррасӣ шудааст.
Зимнан, Иттиҳодияи Урупо дар чорчӯби Барномаи мусоъидат ба мудирияти марзҳо дар Осиёи Миёна (BOMCA) дар таҳкими марзҳои Тоҷикистон саҳми фаъъол доштааст.
То ҳол Иттиҳодияи Урупо барои таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон 19 милюн юру ихтисос додааст, ки ин маболиғ барои тармиму бозсозии истеҳкомоти марзӣ ва таъмини фанновариҳои мудерн барои муқобала бо қочоқи маводди мухаддир ва убури ғайриқонунӣ аз марз масраф шудааст.
Ҳамкориҳои ин ожонс бо Иттиҳодияи Урупо дар чорчӯби Тарҳи минтақаии ҷилавгирӣ аз густариши маводди мухаддир дар Осиёи Миёна ё “CADAP” сурат гирифта ва ин созмон ба Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз густариши доманаи маводди мухаддир кумакҳои фаннӣ ироа мекунад.
Аз ҷумла, дар чорчӯби ин тарҳ ба Тоҷикистон дар тармиму бозсозии марокизи мудовои муътодон ба маводди мухаддир, таъмини таҷҳизоти муъосири пизишкӣ ва омӯзиши кодрҳо мусоъидат шудааст.
Гуфта мешавад дар соли милодии гузашта дар муассисоти дармонии муътодон ба маводди мухаддир дар Тоҷикистон 7176 муътод ба ин мавод сабт шудаанд, ки аз миёни онҳо 198 нафарашон занҳо будаанд.
Дар соли гузашта барои иҷрои марҳилаи шашуми тарҳи “CADAP” барои кишварҳои Осиёи Миёна шаш милюн юру ихтисос дода шудааст.
Дар соли гузашта ниҳодҳои зирбати Тоҷикистон 6686 килугромм маводди мухаддирро кашф ва мусодира кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли 2012 ҳудуди 12 дарсад бештар будааст.
Маводди мухаддире, ки мустақиман аз сӯйи кормандони Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон ё дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дигар дар соли гузашта кашф ва мусодира шуда, беш аз 1385 килуграмро ташкил додааст.
Ҳамчунин, тибқи иттилоъи ин ожонс, дар соли гузашта фаъъолияти 28 гурӯҳи муташаккили байналмилалӣ, иборат аз 79 қочоқчӣ, хунсо карда шуда ва ду гурӯҳ аз миён бурда шудааст.
