Мусодираи беш аз як тун маводди мухаддир дар се моҳ

  • 22 Апрел, 2014

Дар соли милодии ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби кормандони амниятиву интизомӣ як туну 200 килуграм маводди мухаддир кашф ва мусодира шудааст.

Бино ба иттилоъи манобеъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, 54 дарсади ин маводди мухаддир аз сӯйи кормандони пулис мусодира гардидааст.

Тибқи гузориши торнамои ин вазорат, дар се моҳи соли ҷорӣ кормандони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ба миқдори 682 килуграм маводди мухаддир, аз ҷумла 56 килуграм ҳеруин, 145 килуграм афюн, 196 килуграм бангдона ва 284 килуграм ҳашишро кашф ва забт карданд.

Дар давраи мушобеҳ дар соли милодии гузашта мизони маводди мухаддири мусодирашуда дар Тоҷикистон 982 килуграмро ташкил дода буд.