Ба оташ кашидани ним тун маводди мухаддир дар Тоҷикистон

  • 24 Июл, 2014

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон 500 килуграм маводди мухаддирро, ки аз сӯйи кормандони ин ниҳод аз қочоқчиён мусодира шуда, ба коми оташ кашидаанд.

Торнамои ин ниҳод рӯзи панҷшанбеи 24 июл хабар дод, ки 75 килуграм аз ин мавод ҳеруин будааст.

Тибқи иттилоъи пулис, дар иртибот бо ин миқдор маводди мухаддир беш аз 100 парвандаи ҷиноӣ боз ва баррасӣ шудааст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон беш аз як туну 500 килуграм маводди мухаддирро аз қочоқчиён мусодира кардаанд.

Дар маҷмӯъ, дар ин даврон кормандони интизомии Тоҷикистон се тун ва 287 килуграм маводди мухаддирро кашф ва мусодира кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар тӯли соли 2013 аз сӯйи онҳо аз қочоқчиён беш аз се тун ва 700 килуграм маводди мухаддир дарёфт шудааст.