Ба оташ кашидани 200 килуграм маводди мухаддир дар Тоҷикистон

  • 4 Июн, 2014

Масъулони Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон ҳудуди 200 килуграм маводди мухаддирро дар коми оташ андохтанд.

Рӯзи чаҳоршанбеи 4 июн дар ҷамъи хабарнигорон, коршиносон ва намояндагони муассисоти интизомии ин кишвар масъулони ин ниҳод дар оташдони вижа ҳамчунин беш аз як ҳазор доруҳои равонгардон ва 20 килуграм ҳеруинро сӯзондаанд.

Ба гуфтаи кормандони ин ниҳод, ин мавод дар амалиётҳои мухталиф аз сӯйи кормандони Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон , Кумитеи амнияти миллӣ ва идораи гумруки ин кишвар мусодира шудааст.

Дар иртибот бо кашфи ин мавод ба 60 парвандаи ҷиноӣ расидагӣ шуда ва қочоқчиён аз сӯйи додгоҳҳои мухталиф ба муҳолатҳои мухталиф равонаи зиндонҳо шудаанд.

Масъулони ожонс мегӯянд, ки ин ниҳод дар тӯли 15-соли фаъъолияташ беш аз 14 тун аз анвоъи мухталифи маводди мухаддирро ба коми оташ кашидааст.