Бордюжа: 'НОТУ дар мубориза бо маводди мухаддир бо СПАД ҳамкорӣ намекунад'
Image copyrightBBC World ServiceДар размоишгоҳи мавсум ба Лоҳур, дар 20-килуметрии ҷануби шаҳри Душанбе, дар маросиме аз як амалиёти вижа зери унвони “Доми коноли ҷанубӣ” натиҷагирӣ шуд.
Ин амалиёт дар панҷ рӯз, аз 20 то 25 май дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон сурат гирифтааст. Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар ин амалиёт кормандони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазоратҳои дифоъ ва умури дохилаи ин кишвар, кормандони Кумитеи аминияти миллӣ ва марзбонон, гумрук ва Горди миллӣ ширкат кардаанд.
Амалиёти панҷрӯзаи мубориза бо қочоқи маводди мухаддир таҳти раҳбарии масъулони Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон анҷом шудааст.
Дар расми натиҷагирӣ аз ин амалиёт, ки рӯзи сешанбеи 27 май дар размоишгоҳи Лоҳур доир шуд, мақомоти ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, раиси Идораи федероли назорат бар маводди мухаддири Русия ва дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ширкат ва суханронӣ карданд.
Ҳамчунин, дар аввали маросим гурӯҳҳои вокуниши сареъи пулиси Тоҷикистон ва низомиёни Русия амалиёти вижаеро дар заминаи мубориза бо қочоқбарони маводди мухаддир ба намоиш гузоштанд.
Виктор Иванов, раиси Идораи федероли назорат бар маводди мухаддири Русия, дар суханронии худ таъкид кард, ки НОТУ то ҳол хатароти ношӣ аз қочоқи маводди мухаддирро “ҷиддӣ” намегирад.
Оқои Иванов гуфт: “Вале воқеъият ин аст ки НОТУ ҳозир нест, ки ба таври фаъъол тавлиди маводди мухаддир дар Афғонистонро аз байн барад ва танҳо ба интиқоли ин мавод дар Афғонистон тамаркуз мекунад."
"Ин маънии онро дорад, ки сиёсати мубориза бо маводди мухаддири НОТУ дар Афғонистон тарҳрезӣ нашудааст, зеро қабл аз ҳама аз ҳеруини Афғонистон кишварҳои Иттиҳодияи Урупо ранҷ мебаранд. Ҳамчунин, дар даҳ соли ахир дар Уруосиё аз масрафи ҳеруин як милюн нафар аз сокинон ҷонҳои худро аз даст додаанд.”
Оқои Иванов мегӯяд, ки тронзити маводди мухаддир аз қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон, мунҷар ба афзоиши танишҳои иҷтимоъӣ шуда ва масъулони зидахлро водор мекунад, ки барои мубориза бо ин падидаи номатлуб аз нерӯҳои низомӣ истифода кунанд.
Вай афзуд, ки гурӯҳҳои созмонёфтаи қочоқбарони маводди мухаддир аз фурӯши ин мавод сол то сол қавитар мешаванд ва ҳатто кӯшиш мекунанд, ки вазъияти кишварҳоро таҳти кунтрул бигиранд.
Аз ин рӯ, оқои Иванов ҳамкориҳои НОТУ-ро бо нерӯҳои интизомии ин кишварҳо барои мубориза бо қочоқи маводди мухаддир дар минтақа зарурӣ арзёбӣ кард.
Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), гуфт, ки ин созмон чандин бор ба масъулони НОТУ пешниҳод кардааст, ки дар заминаи интиқоли маводди мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои минтақа бо СПАД ҳамкорӣ кунад, аммо НОТУ ба ин пешниҳод посухи рад додааст.
Вале манобеъи НОТУ мегӯянд, ки онҳо салоҳияти мубориза бо маводди мухаддир дар Афғонистон ва минтақаро надоранд.
Ба гуфтаи масъулони ин сомзон, кишварҳои узви НОТУ барои мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ва кишти хашхош ҳамасола маболиғи ҳангуфтеро масраф мекунанд. Ин маболтғ дар минтақа аз сӯйи созмонҳои масъули мубориза бо маводди мухаддир дар заминаи тақвияти мубориза бо қочоқбарон ва ҳифозат аз марзҳои муштараки Афғонистон ва кишварҳои минтақа масраф мешавад.
Аз сӯйи дигар, бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқоти ахири худ бо Валадимир Путин, ҳамтои руси худ, аз таъхир дар ироаи кумакҳои фаннии ваъдашудаи он кишвар ва кишварҳои дигари узви СПАД ба марзбонони тоҷик интиқод кардааст.
Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД, мегӯяд, ки нерӯҳои марзбони тоҷик қодир ҳастанд, ки дар ҳоли ҳозир аз марзҳои муштараки ин кишвар ҳифозат кунанд.
Вай мегӯяд, ки Белорус кумакҳои молии чандмилюндулориро барои марзбонони Тоҷикистон ихтисос дода ва Ароманистон низ дар садади ироаи кумакҳо ба марзбонони тоҷик аст.
Оқои Бордюжа дар мавриди ироаи кумакҳои кишвараш ба марзбонони тоҷик гуфт: "Дар ин замина корҳо анҷом меёбанд, аммо на ба таври сареъ ва муассир сурат мегиранд. Вале марзбонони тоҷик дар ҳифозат аз марзи муштарак ба кумакҳо ниёз доранд ва ин кумакҳо ба онҳо ироа хоҳанд шуд.”
Ӯ мегӯяд, ки ниҳодҳои интизомию амниятии Тоҷикистон, артиши ин кишвар, нерӯҳи марзбон ва кормандони дигари зидахл омодаи муқобала бо ҳар гуна ҳамалот дар марз ҳастанд ва ниёз ба равона кардани кумакҳои низомӣ ба кишварро надоранд. Дар ин замина раҳбарии Тоҷикистон низ ҳеҷ дархосте накардааст.
Аммо ӯ афзуд: “Агар лозим шавад, мо омодаи ироаи чунин кумакҳо ҳастем.” Оқои Бордюжа мегӯяд, ки марзбонони тоҷик ҳоло бештар ниёз ба кумакҳои фаннӣ, аз қабили силоҳ ва таҳҷизоти хоссе, доранд.
Ин дар ҳолест, ки дар зимистони соли гузашта Омрико барои кумак ба тақвияти муборизаи марзбонони тоҷик беш аз 50 худрави ҷадид, аз ҷумла мошинҳои низомии муҷаҳҳази навъи “Hammer” ва миқдоре аз васоили мухобиротиро дар ихтиёри марзбонони тоҷик гузоштааст.
Ҳамчунин Омрико ва кишварҳои урупоӣ эълом кардаанд, ки кумакҳои низомию фаннии худ ба кишварҳои минтақа, бавижа Тоҷикистонро, ки марзи тӯлоние бо Афғонистон дорад, дар оянда афзоиш хоҳанд дод.
