Даст доштани узви пешини “Алфа” дар қочоқи ҳеруин
Image copyrightBBC World ServiceДар вилояти Маскави Русия як гурӯҳи мураккаб аз собиқадорони ҷанги Афғонистон ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт шудаанд.
Аз назди ин гурӯҳ 30 бастаи яккилугромии ҳеруин кашф ва мусодира шудааст, ки барои фурӯш аз Тоҷикистон ба Русия интиқол шудаанд.
Бино ба иттилоъи торнамои Идораи назорат бар маводди мухаддири Русия, раҳбарии ин гурӯҳи 4 нафариро узви пешини гурӯҳи маъруфи алайҳи террурисми Иттиҳоди Шӯравӣ мавсум ба “Алфа” ба ӯҳда доштааст, ки дар ҳамла ва ишғоли қасри Ҳафизулло Амин, раҳбари вақти Афғонистон ширкат кардааст.
Ҳамчунин, тибқи иттилоъи ин манбаъ, ки рӯзи душанбеи 5 май интишор шуд, дар миёни аъзои ин гурӯҳ як афсари (лейтенант) артиши Тоҷикистон низ будааст.
Дафтари матбуъоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон хабари узвияти афсари атриши ин кишвар дар гурӯҳи қочоқбари маводди мухаддирро рад кард.
Ба гуфтаи манобеъи Идораи назорат бар маводди мухаддири Русия, ҳамаи аъзои гурӯҳ тоҷикҳо буда, ду нафари онҳо табаъи Тоҷикистон ва ду нафари дигар табаъи Русияро доштаанд.
Асомии ин афрод эълом нашуда, аммо гуфта мешавад, раҳбари гурӯҳ тоҷики 50-сола, сокини шаҳри Звенигороди вилояти Маскав буда, бо фарди тоҷики дигари сокини ин вилоят умдатан дар навоҳии Одинство ва Истирски вилояти Маскав ба фурӯши ҳеруин машғул будааст.
Ду узви дигари гурӯҳ, атбоъи Тоҷикистон, масъулияти интиқоли маводди мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия ва нигаҳдории онро ба ӯҳда доштаанд.
Дар қиболи аъзои гурӯҳи қочоқбари маводди мухаддир ба иттиҳоми қочоқ ва фурӯши маводди мухаддир парвандаи ҷинойӣ боз шудааст.
