Як табаъаи тоҷик дар Перми Русия ба нуҳ сол зиндон маҳкум шуд
Додгоҳи шаҳри Перми Русия як шаҳрвандаи Тоҷикистонро дар қочоқи миқдори зиёди маводди мухаддир муҷрим шинохта ва барои нуҳ солу шаш моҳ равонаи зиндон кардааст.
Торнамои Додситонии Русия рӯзи панҷшанбеи 3 июл хабар дод, ки пулис ин табаъаи тоҷикро дар авохири соли 2013 ба занни ҳамли беш аз чаҳор килуграм ҳеруин боздошт кардааст.
Қозии додгоҳ ҳамчунин ӯро ба маблағи 300 ҳазор рубли русӣ, ки муъодили 10 ҳазор дулор аст, ҷарима кардааст.
Дар хабари дигари додситонии Русия омада, ки кормандони ин ниҳод парвандаи ҷиноии ду нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ба итиҳоми қочоқи маводди мухаддир ба додгоҳ равона кардаанд.
Додситонии Русия мегӯяд, ки Ассадулло Баҳодурови 36-сола ва Фахриддин Бобоеви 46-сола ба занни ҳамли даҳ килуграм ҳеруин дар вилояти Уляновскийи он кишвар боздошт шудаанд.
Ин ду нафар аз атбоъи Тоҷикистон муттаҳам шудаанд, ки ин миқдор ҳеруинро дар махфигоҳе дар миёни мева дар комюне пинҳон карда ва онро аз Тоҷикистон ба Русия интиқол додаанд.
