Боздошти як зан ба гумони қочоқи маводди мухаддир
Пулис мегӯяд, як зани ҷавонро дар ҷануби Тоҷикистон ба занни қочоқи маводди мухаддир боздошт кардааст.
Тибқи сойти расмии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки рӯзи душанбеи 2 июн пахш шудааст, кормандони ин ниҳод як сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлонро дар як амалиёти вижа боздошт кардаанд.
Тибқи ин хабар, ҳангоми боздошти Насиба Аламуродоваи 28-сола кормандони интизомӣ аз назди ӯ ҳудуди 880 гром маводди мухаддири навъи ҳашиш кашф кардаанд.
Кормандони бахши пулис дар вилояти Хатлон дар робита ба ин воқеъа тибқи моддаи 200 қонуни кайфарии Тоҷикистон парвандаро боз карда ва барои пайдо кардани ҳамдастони дигари ӯ таҳқиқот мебаранд.
Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон хабарҳо дар мавриди боздошти занону духтарон ба занни қочоқи маводди мухаддир камтар ба чашм мехуранд, аммо ниҳодҳои интизомӣ дар Русия аз боздошти чанд зан, аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон барои қочоқи маводди мухаддир дар он кишвар хабар дода буданд.
