Мусодираи 22 килугромм маводи мухаддир дар шарқи Тоҷикистон

  • 7 Октябр, 2014

Дар ҷараёни як амалиёти Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим, минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон дар шарқи Тоҷикистон 22 килугромм кашф ва мусодира гардид.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти ин ожонс, дар наздики рустои Дашти ноҳияи Ишкошим дар вилояти Бадахшон як сокини 20 солаи ин ноҳия ба занни қочоқи маводди мухаддир боздошт гардид, ки ба ҳангоми бозҷӯии ин шаҳрванд аз ҷониби кормандони ин ниҳод аз борхалтаи ӯ ҳудуди 45 адад маводди мухаддир кашф ва мусодира гардид.

Ин манбаъ гуфтааст, ба ҳангоми ташхиси ин маводд мушахас гардид, ки ин маводд ҳашшиш буда, вазни он 22 килугромму 190 громро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва наҳваи дастрасии шаҳрванди Тоҷикистон ба ин миқдор маводди мухаддир бозрасӣ мешавад.