Боздошти қочоқбари афғон дар марзи Тоҷикистон

  • 2 Сентябр, 2014
Маводди мухаддирImage copyrightBBC World Service
Image caption Аз як қочоқбари афғон ҳудуди 18 килугромм маводди мухаддир мусодира шудааст

Дар минтақаи Шуғнони марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як қочоқбари афғон бо ҳудуди 18 килугромм маводди мухаддири навъи ҳашиш дастгир шудааст.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯйи Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон, субҳи сешанбеи 2 сентябр ба Би-би-сӣ гуфт, боздошти қочоқбари афғон дар ҷараёни як амалиёти муштараки ин ниҳод бо Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Оқои Раҳматуллоев гуфт, Ҷумъагул валади Саоъдатёр, сокини рустои Саричашмаи вулусволии (ноҳия) Шуғнони Афғонистон ба ҳангоми убур аз тариқи рудхонаи Панҷ ба ҳудуди Тоҷикистон дастгир шуда ва дар қоиқи резинии ӯ ҳудуди 18 килугромм маводди мухаддир кашф ва мусодира шудааст.

Ӯ гуфт, аз вазорати умури дохилаи Афғонистон дар мавриди имкони қочоқи маводди мухаддир дар ин минтақаи марзӣ иттилоъ дарёфт шуда ва гурӯҳи муташаккил аз марзбонону кормандони Ожонси назорат бар маводди мухаддир дар самти ҳаракати ин қочоқбари афғон камин гирифтаанд.

Алайҳи Ҷумъагул валади Саоъдатёри 20-сола ба иттиҳоми “қочоқи маводди мухаддир ба миқдори зиёд”ва “убури ғайриқонунӣ аз марз” парвандаи ҷинойӣ боз шудааст.

Дар сурати собит шудани иттиҳоми ворида дар додгоҳ ин шаҳрварнди афғон мумкин аст ба муддати аз 12 то 20 сол равонаи зиндон шавад.

Имтидоди марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудуди 1400 килуметр буда ва бахше аз маводди мухаддири Афғонистон аз тариқи ин марз ба Тоҷикистон ва тавассути ин кишвар ба Русия ва кишварҳои Урупо мунтақил мешавад.

Бино ба иттилоъи манобеъи расмии Тоҷикистон, дар соли гузашта ниҳодҳои марзбонӣ, интизомӣ ва Ожонси назорат бар маводди мухаддири ин кишвар аз назди қочоқбарон ба миқдори 6 туну 690 килугромм маводди мухаддирро мусодира кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба нишододи соли 2012 ҳудуди 12 дарсад бештар будааст.