Маҳкумияти ду табаъаи тоҷик ба зиндон дар Русия
Додгоҳе дар Русия як шаҳрвандаи Тоҷикистонро дар қочоқи маводди мухаддир муҷрим шинохта ва барои се сол равонаи зиндон кардааст.
Торнамои Додситонии кулли Русия рӯзи душанбеи 20 август нивишт, ки ин сокини 26-cолаи Тоҷикистон дар шаҳри Твер боздошт шуда ва қозии парванда ӯро бар асоси моддаи 228-и қонуни кайфарии Русия муҳокима кардааст.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки номаш ифшо нашуда, муттаҳам шуда буд, ки зимистони соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав беш аз 300 грам ҳеруинро харидорӣ карда ва онро барои фурӯш ба шаҳри Твер бурдааст.
Аммо вай ба фурӯши ин мавод муваффақ нашуда ва пулиси рус ӯро боздошт кардааст.
Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, ҳоло беш аз панҷ ҳазор нафар аз атбоъи Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия ба сар мабаранд, ки аксари онҳо ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир зиндонӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, манобеъи додситонии Русия ҳамчунин аз маҳкумияти як ҷавони 19-солаи тоҷик ба иттиҳоми ришвадиҳӣ иттилоъ додаанд. Додгоҳи шаҳри Обнински вилояти Калуга ин табаъаи Тоҷикистонро барои шаш моҳ ба зиндон маҳкум ва ба маблағи 120 ҳазор рубли русӣ ҷарима кардааст.
