Тоҷике дар Русия барои қочоқи ҳеруин боздошт шуд

  • 3 Сентябр, 2014

Дар фурудгоҳи шаҳри Красноярски Русия мусофири хатти сайри Душанбе-Красноярск ба иттиҳоми қочоқи беш аз 3 килугромм ҳеруин боздошт шудааст.

Анна Трунтева, сухангӯйи бахши Идораи назорат бар маводди мухаддири Русия дар шаҳри Красноярск ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфтааст, дар ҷомадони шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон ба миқдори 3,2 килугромм ҳеруин кашф ва мусодира шудааст.

Фарди боздоштшуда гуфтааст, ки як шахси номаълум дар шаҳри Душанбе ба ӯ ин бастаи ҳеруинро дода ва ваъда кардааст, ки дар сурати ба маҳалли зарурӣ расондани он пули хубе дарёфт хоҳад кард.

Ин мард гуфтааст, бо вуҷуди дарки ғайриқонунӣ будани ин амал вай ба далели фақр маҷбур шудааст ин миқдор маводди мухаддирро ҳамл кунад.

Дар Қонуни ҷинойии Русия барои қочоқи маводди мухаддир маҳкумияти тӯлонӣ, аз ҷумла, ҳабси абад пешбинӣ шудааст.