Боздошти гурӯҳе аз сокинони Суғд ба занни қочоқи маводди мухаддир
Масъулони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳашт нафар аз сокинонро ба занни қочоқи ҳеруин дар вилояти Суғд боздошт кардаанд.
Торнамои ин ниҳод нивишта, ки ин афрод қасд доштанд, ки ин маводдро аз Тоҷикистон ба Русия интиқол бидиҳанд.
Дар ин хабар омада, ки кормандони ожонс дар амалиёти вижае дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд ин афродро, ки ҳеруниро дар меъдаашон нигоҳ медоштанд, боздошт кардаанд.
Бо кумаки пизишкони бемористони вилояти Суғд аз дохили бадани як сокини 38-солаи шаҳри Истаравшан 100 дона бастаи ҳеруин, ки 470 грамро ташкил медода, берун оварда шудааст.
Ҳамчунин, масъулони ин ожонс мегӯянд, ки дар ин амалиёт ҳафт нафари дигар аз ҳамдастони ин гурӯҳро, ки чаҳор нафар сокинони вилояти Суғд, ду нафар аз шаҳри Душанбе ва як нафари дигар аз вилояти Хатлон будаанд, боздошт кардаанд.
Кормандони ин ниҳод аз манзили маскунии яке аз муттаҳамон беш аз 700 грам ҳеруин ва аз манзили аъзои дигари ин гурӯҳ се килуграм ва 467 грам ҳеруинро кашф ва мусодира карданд. Миқдори ин мавод ҳудуди панҷ килуграм будааст.
Ттаҳқиқоти муқаддамотӣ ошкор карда, ки раҳбарии ин гурӯҳро як сокини 33-солаи вилояти Суғд бар уҳда доштааст.
