Тақдир аз ду донишомӯз барои кашфи маводди мухаддир дар Бадахшон
Image copyrightBBC World ServiceДу нафар аз шогирдони мактабе ҳамагонӣ дар вилояти Бадахшон барои пайдо кардани маводди мухаддир ва таслими он ба кормандони интизомӣ гувоҳиномаҳои ифтихор дарёфт кардаанд.
Кормандони Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон ҳамчунин ба Сураҷ Дилбаров ва Муъиз Бахтибеков барои ин иқдом армуғонҳое эъто кардаанд.
Ба нивиштаи торнамои ин ожонс, ин ду шогирди клоси 11-уми мактаби шумораи 6 ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон чанде қабл дар соҳили рӯдхонаи Панҷ миқдоре ҳашиш пайдо карда ва дар ин бора ба кормандони интизомӣ гузориш додаанд.
Ноҳияи Рӯшон дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон дар Бадахшон воқеъ аст.
Гувоҳиномаҳои ифтихор ва армуғонҳо ба Сураҷ ва Муъиз дар ҷараёни ҳамоише дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон, эъто шудааст.
Ин нишаст ба ибтикори кормандони Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон рӯзи 17 октябр доир шуда ва мавзӯъи аслии он мубориза бо маводди мухаддир ва масрафи он дар миёни ҷавонон буд.
Ширкаткунандагони ин ҳамоиш, ки дар чорчӯби амалиёти “Кӯкнор-2014” доир шуда, кормандони ожонс, ҷавонон ва волидон аз шаҳри Хоруғ ва навоҳии мухталифи ин вилоят будаанд.
Дар ин нишаст пешниҳод шуда, ки аз тариқи телевизюни вилоят барномаи вижае бо ҷалби рӯҳониёни саршинос ва пизишкони машғули табобати муътодон ба маводди мухаддир роҳандозӣ шавад.
Тибқи гузоришҳои ғайрирасмӣ, дар даҳ соли ахир дар вилояти Бадахшон ҷавонони зиёде бар асари эътиёди шадид ба маводди мухаддир ҷонҳои худро аз даст додаанд. Ҳарчанд омори расмӣ дар ин бора пахш нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бисёре аз сокинони шаҳри Хоруғ, дастрасии осон ба маводди мухаддир дар ин минтақа мунҷар ба афзоиши афроди муътод ба ин мавод шудааст.
