Боздошти як табаъаи Афғонистон ба занни қочоқи ҳеруин дар Душанбе
Пулиси Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрвани ҷавони Афғонистон ба занни қочоқи ҳеруин дар ин кишвар хабар дод.
Тибқи иттилоъи торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 10 октябр пахш шуд, ин шаҳрванди Афғонистон дар шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар, боздошт шудааст.
Пулис ҳувияти ӯро ифшо карда ва менависад, ки ҳангоми боздошт кормандони вазорат аз борхалтаи Бозмуҳаммад Сафари 28-сола ҳудуди 20 килуграм ҳеруин кашф ва мусодира кардаанд.
Дар робита бо ин воқеъа парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва кормандони пулис барои ифшои ҳамдастони дигари оқои Сафар таҳқиқоте анҷом медиҳанд.
Бар асоси иттилоъи кормандони интизомии Тоҷикистон, додгоҳҳои мухталифи ин кишвар шумори қобили мулоҳизае аз шаҳрвандони Афғонистонро ба иттиҳоми иртикоби қочоқи маводди мухаддир барои муҳлатҳои мухталиф равонаи зиндонҳо кардаанд.
Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, ҳоло наздик ба 170 табаъаи афғон дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд.
